Бо корд захми намудани келину хусури 80-сола

Як ҷавони  24-солаи сокини пойтахт бе ҳеҷ асос ба пирамарди 80-сола ва келини 35-солааш дарафтода онҳоро захми намудааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти ВКД.

Тавре манбаъ иттило медиҳад ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза пирамарди 80-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки санаи 20-уми июли соли 2020, тахминан соати 11:00-дақиқа дар хонаи истиқоматиаш ӯ ва келинаш, зани 35-солаи сокини ҳамон ҷоро аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос ҷавони 24-солаи сокини пойтахт дашномҳои қабеҳ дода, бо корди ошхонагии дар дасташ буда 1-маротиба дар қисмати шиками ҷабрдида ва 1-маротибаи дигар дар қисмати шиками келинаш задааст.
Дар натиҷа номбурдагон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *