Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Бори дигар бахти худро бисанҷед! ММТ азнавбақайдгирии довталабонро эълон медорад

Аз 11 то 14 август дар Маркази миллии тестӣ азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ гузаронида мешавад.
Аз довталабон интихоби дуруст талаб мешавад, чун дар давраи озмуни тақсимоти такрорӣ, довталаб аз рӯи баллҳои бадастовардааш ба гурӯҳи ихтисоси такрории интихобнамудааш номнавис карда мешавад.
Ин эълон ба довталабоне дахл дорад, ки ба озмуни тақсимоти асосии довталабон роҳ ёфтанд, лекин дар озмуни тақсимоти мазкур аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаашон, комёб нагардиданд.

Ин дафъа, довталабон ба он ихтисосҳое тақсим карда мешаванд, ки шумораи ками донишҷӯён интихоб кардаанд.

“Азнавбақайдгирии чунин довталабон аз рӯйи ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз озмуни тақсимоти асосии имтиҳонҳо дар соли 2021 холӣ мондаанд, дар якчанд нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда мешавад”, – хабар медиҳад АМИТ “Ховар” аз қавли ММТ.

Ҳамин тавр, довталабоне, ки дар озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи яке аз ихтисосҳои интихобкардаашон ба ин ё он муассисаи таълимӣ гузашта буданд, инчунин довталабоне, ки холҳои гузаришро аз як ё якчанд субтест соҳиб нагардида, ба озмуни тақсимоти асосӣ роҳ наёфта буданд, ҳуқуқи ширкат дар озмуни тақсимоти такрорӣ надоранд.

Қабули маблағи хизматрасонӣ барои азнавбақайдгирӣ дар филиалҳои “Амонатбонк” оғоз гардидааст.
Инчунин ба довталабони дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбнагардида дар бораи кадом рӯз дар кадом нуқтаи бақайдгирӣ ҳозир шуданашон, паёмак (SMS) фиристода мешавад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.