Боз ду шахсияти шинохтаи Хуҷанд вафот карданд

Рӯзи 6 сентябр аз Хуҷанд дар бораи даргузашти боз ду зани фаъолу баобрӯи ин шаҳр хабар расид.

Шамсинисо Саидова, Аълочии маорифи Тоҷикистон, солиёни зиёд ба ҳайси омӯзгор ва мудири мактаб фаъолият карда, ҳазорон шогирдро парвариш додаанд.

Шамсинисо Саидова»яке аз наҷибтарин шахсиятҳои вилояти Суғд, ифтихори миллат ва як зани барои ҳама муҳтарам буданд, гуфтааст яке аз шогирдони ӯ.Ёрматова Назокат Абдукаримовна низ аз шахсиятҳои барҷастаи соҳаи маорифи Хуҷанд ба шумор мерафт ва солҳои зиёд ба ҳайси муовини раиси шаҳри Хуҷанд, мудири гимназияи №24 ва мактаби №15 кор кардааст. Дар ин бора дустон ва шогирдони ин ду зани наҷиб хабар медиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *