Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Боз як фарди худогоҳу худшиносро марг аз мо рабуд

Сафарбек Солеҳ, коргардони шинохтаи Тоҷикистон, ки қаблан аз бистарӣ шуданаш бо бемории коронавирус хабар дода шуд, даргузашт.

Сафарбек Солеҳ, коргардони машҳури Тоҷикистон, дар синни 62-солагӣ дунёро падрӯд гуфт. Ӯ қаблан бо бемории коронавирус дар беморхона бистарӣ шуда буд.

Дар мавриди даргузашти коргардони машҳур наздиконаш дар саҳифаи фейсбукӣ хабар дода, афзуданд, ки маросими ҷаноза дар маҳаллаи Ганҷобод, собиқ “Нефтяник” – и ноҳияи Рӯдакӣ соати 18.00 баргузор мешавад.

Сафарбек Солеҳ соли 1959 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, хатмкардаи бахши забону адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1989 мебошад.

Ӯ инчунин соли 2004 риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Қирғизистонро хатм карда, даҳҳо филми мустанад ва ҳудуди 4 филми ҳунарӣ дорад. “Тақвими интизорӣ”, “Ҳамсояҳои наққош” аз филмҳои ҳунарии ӯ мебошанд.Ӯ ҳудуди 25 филми мустанад дорад ва аввалин филмаш “Жакон” дар бораи гуруғлихон Ҳикмат Ризо мебошад, ки замони шӯравӣ таҳия шудаасту ҷоизаҳои гуногунро соҳиб гардидааст.Аз филмҳои дигари ӯ – “Соярушан”, “Дарё”, “Ҳадди охир”, “Кобус”, “Дар диёри қаҳрамони халқ”, “Шоҳнома”, “Ҷазираи умед”, “Чархофалак”, “Гул ба домони диёр”, “Ганҷи бодовард”, “Ашаглон”, “Ба номи Ҳурмуз”, “Нусур” ва ғайра мебошанд, ки дар мавриди чеҳраҳои шинохтаи Тоҷикистон таҳия шудаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.