Боз як коллеҷ дарДанғара

Дар ноҳияи Данғара «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ» ифтитоҳ гардид. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар маросими кушодашавии он президент Эмомалӣ Раҳмон ширкат кардааст.
Бино бар иттилои манбаъ, муассисаи таълимии “Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ”-и ноҳияи Данғара аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фаррух Самизода бунёд гардидааст.
Гуфта мешавад, масоҳати умумии замини муассиса 0,10 гектарро ташкил медиҳад.
Бино аз 7 ошёна, таҳхона, 25 синфхонаи барҳавои таълимӣ, утоқҳои корӣ, китобхона, синфхонаи компютерӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Ҳамаи синфхона ва ҳуҷраҳои корӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ ва мизу курсиҳои наву замонавӣ таъмин мебошанд.
Муассиса имкони қабули 720 донишҷӯро дар як баст дошта, дар он донишҷӯён аз рӯи 4 ихтисос, аз ҷумла кори ҳамширагӣ, фарматсевтӣ, момодоягӣ ва кори дандонсозӣ омода карда мешаванд.
Аз рӯи тарҳ дар таҳхонаи Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии ноҳияи Данғара утоқҳои корӣ барои омӯзгорон, мудирони кафедраҳо ва дигар кормандон бо шароити мусоиди корӣ муҳайё гардидааст.
Дар ҳуҷраи дандонсозӣ як адад дастгоҳи муосир мавҷуд аст, ки таввасути он таҷрибаи илмию назариявӣ амалан иҷро мегардад.
Ҳуҷраҳои корӣ ва синфхонаҳои таълимии муассиса бо системаи гармидиҳӣ пайваст шуда, бино дар фасли зимистон бо гармӣ пурра таъмин карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *