Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Боз як табиби машҳур аз коронавирус фавтид

Фурқат Мансуров, сартабиби Диспансери бемориҳои саратон (онкология)-и вилояти Суғд рӯзи 9 сентябр аз олам чашм пӯшид.

Фурқат Мансуров аз «илтиҳоби шуш” ҷон бохтааст. Фурқат Мансуров нафаре буд, ки дар баҳори соли ҷорӣ, дар авҷи аввали бемории коронавирус бо видеоҳояш мардумро руҳбаланд ва ҷиҳати пешгирӣ аз ин вирусу табобаташ роҳнамоӣ мекард.

Дар охирин видеояш рӯзи 23 май, дар арафаи иди Рамазон ӯ шукри Худо мегуфт, ки тавонистанд авҷи коронавирусро дар Тоҷикистон ақиб гардонанд ва беморхонаҳо аз беморон батадриҷ холӣ мешаванд. Аммо баъди чанд моҳ худи Фурқат Мансуров қурбони мавҷи нави коронавирус шуд.

Танҳо дар 5 рӯзи охир ва танҳо дар Хуҷанд се табиб қурбони коронавирус шуданд. Ду рӯз пеш профессор Фазлиддин Шарипов, муассиси маркази микрохирургияи чашм «Карния” дар синни 60 аз «илтиҳоби шуш” ҷон бохт.Марги Фурқат Мансуров ба ин ҷавонӣ ҳамаро ба ҳолати шок андохт. Садҳо нафар аз марги ӯ изҳори ҳамдардӣ кардаву аз Фурқат Мансуров ҳамчун як табиби ҳозиқ ва инсони некӯсиришт ёд кардаанд. Ба гуфтаи бисёриҳо, Фурқат Мансуров онкологи №1 дар вилояти Суғд буд ва ҷони садҳо нафарро аз чанги аҷал наҷот кардааст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.