Боз як журналист даргузашт…

Дабоев аз ҷумлаи пешоҳангони рушди расонаҳои мустақил, бахусус расонаҳои электронии мустақили Тоҷикистон ва аз ҷумлаи ТОП-менеҷерони муваффақе ба шумор мерафт

Рӯзноманигори шинохта Маҳмудҷон Дадобоев, рӯзи 29-уми октябр дар синни 51-солагӣ даргузашт.

Сабаби расмии марги ӯ ҳанӯз эълон нашудааст, вале чанде аз дӯстонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ иллати фавти ӯро ба бемории ҳамагир рабт додаанд.

Маҳмудҷон Дадобоев моҳи ноябри соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Аз охири солҳои 90-ум то 2003 мудири ширкати телевизион ва радиои Симои мустақили якум ва як муддат сардабири нашрияи «Суғд» буд. Ҳамчун мудири кулли ширкати телевизионии «Ҷаҳоноро» ва намояндаи Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар вилояти Суғд кор кардааст.

Сухангӯи шаҳрдори Хуҷанд низ буд, вале соли 2017 аз ин мақом бо хоҳиши худ канор рафт. Солҳои ахир дар давраҳои омӯзишӣ ба хабарнигорон шеваҳои нави бозтоби мавзӯъҳоро дарс медод. Илҳоми Ҷамолиён, раиси дафтари Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон дар Суғд шоми 29-уми октябр дар Фейсбук навишт, ки «ӯ аз ҷумлаи пешоҳангони рушди расонаҳои мустақил, бахусус расонаҳои электронии мустақили Тоҷикистон ва аз ҷумлаи ТОП-менеҷерони муваффақе ба шумор мерафт ва дар ин самт соҳибмактаб буд».

Дар оғози моҳи октябри имсол хабарнигори дигари шинохта Мавлуда Рофиева дар 56-солагӣ даргузашт. Ӯ пештар бо нишонаҳои «илтиҳоби шуш» дар шифохонаи вилоятии Суғд бистарӣ шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *