Боз заминларза дар Рашт…

Дар Тоҷикистон боз як заминларза рух дод, ки онро пойгоҳҳои зилзиласанҷии байналмилалӣ сабт кардаанд.
Бино ба хабари Маркази сейсмологии Аврупо — Баҳри Миёназамин субҳи барвақти 13.07.21 дар Тоҷикистон дар минтақаи Рашт заминларзаи дигаре рух дод.

Заминларза дар ин минтақа соати 06:08 ба вақти маҳаллӣ сабт карда шудааст.
Тибқи иттиллои манбаъ қувваи заминларза 4 балл буда, дар умқаш тақрибан 5 километр рух додааст.

Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон низ заминҷунбии Тоҷикистонро сабт кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки 10-уми июл дар 165 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 21 километраи шарқи ноҳияи Рашт, заминларза рух дод, ки қувваи он дар марказаш 5-6 балл, дар шаҳри Душанбе 2-3 баллро ташкил дод.

Комиссияи ҷумҳуриявии ҳолатҳои фавқулодда расман иттилоъ дод, ки бар асари ин заминларза 5 нафар сокини ноҳияи Тоҷикобод ба ҳалокат расида, 16 нафар маҷруҳ шуда, феълан дар беморхонаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *