Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Боздиди Президент аз ноҳияи Шаҳристону Ҷаббор Расулов ва Спитамен –и вилояти Суғд

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон навори рафти сафари президент Эмомалӣ Раҳмонро ба ноҳияҳои Шаҳристон ва Ҷаббор Расулов нашр кардааст, ки мухтасараш ин аст:

Дирӯз, 29 июл президент дар Шаҳристон хати оби нӯшокиро ба истифода дод, мактаби миёна ва майдони Парчами миллиро ифтитоҳ кард ва бо сокинон мулоқот намуд.

Ҳамчунин аз фермаи паррандапарварӣ ва рафти ҷамъоварии картошка боздид намуд.

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар маросими ифтитоҳи ҳавзи моҳиправарӣ иштирок кард. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳавз моҳӣ андохт ва моҳидорӣ намуд.
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз хоҷагии ёрирасони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дидан кард.

Дар ноҳияи Спитамен дар маросими ифтитоҳи қасри Сомониён” иштирок кард ва аз корхонаи паррандапарварӣ дидан намуд.

Феълан сафари кориии кишвардор дар Суғд идома дорад ва ӯ дар Хуҷанд қарор дорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.