Бозгашти лимит, ин дафъа ба таври расмӣ

Ширкати “Барқи Тоҷик” шоми 5 январ дар як муроҷиатнома изҳор намуд, ки дар Тоҷикистон аз шаби 5 январ расман лимити барқ ҷорӣ карда мешавад. Ин ширкат бо изҳори нигаронӣ аз 4 метр паст шудани сатҳи об дар обанбори нирӯгоҳи Норак дар муқоиса ба як соли пеш вазъиятро ҷиддӣ унвон кард ва гуфт: “Ҳоло вазъият ҷиддист ва эҳтимоли то баҳор нарасидани захираҳои об ба миён омадааст. Аз ин рӯ, лозим меояд, ки чанд муддат дар кишвар – дар он мавзеъҳое, ки биноҳои баландошёна мавҷуд нестанд ва имкони истифодаи дигар манбаъҳои гармӣ мавҷуд аст, интиқоли барқ маҳдуд карда шавад. Маҳдудият аз рӯзи 5 январи соли 2021 асосан шабона ҷорӣ гардида, аз соати 23-00 шаб то соати 06-00 субҳ идома меёбад. Мо бовар дорем, ки ҳамватанони гиромӣ моро дуруст мефаҳманд, ки ин тадбир аз рӯи зарурат мебошад. Мақсад аз он пешгирӣ намудан аз пурра сарф шудани захираҳои об мебошад.»
«Барқи Тоҷик» дар мавриди инки лимит то кай давом мекунад?, ягон санаи мушаххасеро нагуфт, аммо гуфта мешавад, ки «дар сурати гарм омадани моҳҳои минбаъдаи зимистон, зиёд гардидани сатҳи об дар маҷрои дарёи Вахш ва захираи оби обанбори “Норак” имкони бекор кардани маҳдудият ба назар гирифта шудааст.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *