Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Чӣ тавр обфурӯш чемпиони ҷаҳон шуд?

Одами рақами 1 дар Филиппин — чунин шараф ба легендаи бокс Мэнни Пакяо аз тарафи ҳамватанонаш насиб гардидааст. Вақте пахши задухӯрдҳои ӯ қариб дар кӯча касе дида намешавад. Полис ҳам иқрор шудааст, ки дар ин рӯзҳо сафи ҷинояткорӣ дар тамоми Филиппин коҳиш меёбад. Ӯро ҳамватанонаш ба он хотир унвони одами рақами як додаанд, ки вай чемпиони ҷаҳон дар ду вазн мебошад ва хайру саховаташ нисбати мардуми хеш беандоза аст.

Ишқи Бокс

Эммануэл Дапидран Мэнни Пакяо моҳи декабри соли 1978 дар шаҳри Букиднони Филиппин таваллуд шудааст.  Онҳо дар оила шаш фарзанд буда, Мэнни фарзанди чорумини оила ба ҳисоб меравад.

Модари варзишгар Манниро Пакяоро ҳамчун Коҳин дидан мехост, аммо писар аз Коҳину Мубат шудан нафрат дошт ва фикри рӯҳонии аршад буданро аз сар дур карда буд.  Вай дар ҳама ҷо ҳатто ҳангоми ба дарс рафтан ҳам тамрини бокс мекард. Ӯ ҳамеша мустақилона тамрин мекард, зеро барои дар варзишгоҳ тамрин кардан маблағ надошт. 

Рӯзи сиёҳ

Ба бахти бади варзишгар падараш ҳангоми 13 — сола буданаш аз модараш ҷудо мешавад ва бори зиндагӣ ба дӯши Пакяои наврас меафтад. Шароити сахти зиндагӣ ӯро маҷбур мекунад, то мактабро тарк кунаду оилаашро таъмин намояд. Ҳарчанд зиндагӣ барояш хеле гарон буд, аммо аз тамрини бокс ҳеҷ гоҳ даст намекашид. Беҳуда нагуфтаанд: “Зиндагӣ беҳтарин устод аст”. Пакяо баъд аз машаққатҳои зиёд билохира роҳи ҳамарӯза маблағи хуб ба даст оварданро ёфт.  Ӯ рӯзона дар кӯчаҳои шаҳр об ва нон мефурӯхт ва бегоҳирӯзӣ ба майдони муҳорибаҳои бидуни қоида, ки ҳар шаб сарватмандон ташкил мекарданд, зӯри бозу меозмуд. Мэнни дар аввалин дидори кӯчагии худ бар рақиби хеш ғолиб омад ва соҳиби 2 долар гардид, ки бо ин маблағ 25 кг биринҷ харидан мумкин буд.

Ӯ дар синни 14-солагӣ қарор дод, ки дигар тарки савдои кӯчагӣ кунаду пайваста ба варзиш машғул шавад.

Тамрин дар шаҳр

Билохира меҳри муштзанӣ ӯро ба пойтахти Филиппин шаҳри Манила бурд, аммо роҳи ба даст овардани муваффақият барояш ба осонӣ даст надод. Ӯ тақрибан як рӯзи дароз толори варзишӣ мекофт, то дар он тамрини бокс кунад, аммо аз сабаби кам будани маблағаш ба вай иҷозаи тамринро намедоданд. Пас аз ҷустуҷӯҳову кофтанҳо билохир Pac-Man устоди варзише ӯро ба  толори варзишии худ роҳ дод. Мэнни аз сабаби ҷои хоб надоштан баъд аз тамрин дар ҳамон толор хоб мекард.

Тасхири Осиёву Амрико ва ҷаҳон

Пас аз тамринҳои пайваста зӯру бозуи варзишгар қавитар гардиданд, акнун ӯро майдонҳои бузурги бокс интизор буд. Пакяо аввалин маротиба дар синни 16 — солагӣ ба ринг баромад ва дар аввалин дидор ғолиб омад. Баъд аз ғалабаҳои паиҳам шуҳраташ Осиёро тасхир кард ва соли 1999 барои дар майдони касби баромад кардану шуҳрати ҷаҳонї ёфтан ба Амрико сафар кард ва тамрини худро дар он ҷо давом дод.

Дар зимистони соли 1999 Мэнни дар мусобиқаи “IBF” бо чемпиони вақт Ледва ба дидор анҷом дода, ӯро дар раунди 5-ум мағлуб кард, ки ҳангомаи ҳақиқиро ба по кард. Баъди ин набарди пурсарусадо нуфузи Пакяо дар Амрикоҳам боло рафт.

Моҳи ноябри соли 2003 бошад Мэнни Пакяо Марко Антониоро мағлуб намуд, ки дар бокси касби хавфноктарин муштзан ба ҳисоб мерафт. Акнун шуҳрату муваффақият ёру ҳамроҳи Филиппин гашта буд. Мэнни дар ҳар набард рақибонро пеш аз вақт мағлуб намуда, сафи ҷозаҳояшро меафзуд.

Соли 2005, Мэнни қувваи худро дар байни сангинвазнон санҷид ва аввалин рақибаш дар ин вазн Эрик Моралес ба ҳисоб мерафт. Рақобат бо Эрик барои Мэнни гарон афтод, рақиб аз ҳад пурзӯр буд, аммо филипинӣ ҳам туҳфа набуд ба ҳар як зарбаи амрикоӣ ҷавоби дандоншикан медод. Ҳамин тавр, рақобат 12 раунд давом кард ва тибқи натиҷагирии доварон бартари насиби Пакяо гардида, дар ин рақобити душвор пирӯзӣ ба даст овард.

Мубориза бо муштзани бритониёӣ Рики Хаттон дар соли 2009 нуфузи Пакяоро дар олам афзуд ҳарчанд дар вохӯрии аввал бо баҳогузории ноадолатонаи доварон Рико ғолиб омада бошад, соли 2010 дар дидори дувум пакяои беҳамто рақибашро бо накаути техникӣ мағлуб намуда, камарбанди чемпиониро моли ҳалоли худ кард.

Соли 2012 Тимоти Брэдлии шуҳратёр аз дасти чапи Пакяои  мағлубнашаванда ба накаут рафт, ки чунин ранг гирифтани корро касе интизор набуд. Ӯ тамоми рақибони пурзӯри худро аз сари роҳ бардошт ва акнун ӯро нобиғаи бокс Флойд Мейвезер интизор буд. Тамоми мухлисон набарди Пакяо ва Майвезерро бесаброна интизор буданд. Билохир, он рӯзи бузург низ фаро расид, баҳори соли 2015 набарди ин ду абармард баргузор гардид. Рақобати онҳо 12 давра давом кард, хулосаи ниҳои баровардан барои доварон ниҳоят душвор буд, зеро ҳар ду варзишгар бисёр хуб ҷангида буданд. Аммо бояд яке аз онҳо соҳиби камарбанди чемпиони мегардид ба ҳамин хотир бо натиҷаи на он қадар зиёд Майвезер ғолиб эълон карда шуд. Баъди анҷоми ин набарди таърихи Майвезер иқрор шуд, ки воқеан ҳам Пакяо рақиби хавфноктарин барои дилхоҳ рақиб ба ҳисоб меравад. Гуфтан бамаврид аст, ки маблағи мусобиқаи мазкур барои размандагон 300 млн. долларро ташкил медод, ки аз ин миқдор маблағ 180 млн. ба Майвезер ва 120 млн. ба Пакяо дода шуд.  Баҳори соли 2016 Мэнни бори сеюм бо Брэдли ба майдон баромад ва дар ин вохӯрӣ низ Амрикоиро мағлуб намуда, камарбанди чемпиониро ҳимоя кард.

Беҳтарин натиҷа

Моҳи ноябри соли 2016 Пакяо аввалин муштзане дар таърих гардид, ки унвони ҷаҳони WBO-ро дар набард бо Ҷесси Варгас ба даст овард. Тобистони соли 2017 бошад, Мэнни ин ҷоизаро байни гаронвазнон дар мубориза зидди Ҷеф Хорн ба даст овард.

Сиёсат ва фаъолияти иҷтимоӣ

 Бояд гуфт, ки Мэнни дар баробари муштзани хуб буданаш, инчунин ба фаъолиятҳои сиёсӣ низ машғул аст. Ӯ шурӯъ аз соли 2007 ҳамчун намояндаи  либералҳо фаъолияти сиёсӣ мебарад. Вай ягона миллионер дар парлумони Филиппин аст, ки то соли 2014 сарваташ  ба 42 миллион ва ҳоло бошад, зиёда аз 210 млн-ро ташкил мекунад.

Ӯ бештари сармояашро ба хайру садақа сарф мекунад, масалан бо маблағи Мэнни дар кишвараш чандин хонаҳои истиқоматӣ барои мардуми камбизоат ва чандин мактабу варзишгоҳҳо сохтааст. Инчунин, сармоягузори дастаи мунтахаби баскетболбозони кишварашро низ Пакяо бар дӯш дорад.

Унвону  ҷоизаҳо

1998-1999 — Қаҳрамони ҷаҳон байни гаронвазнон WBC

2001-2003 — Қаҳрамони ҷаҳон оид ба IBF дар ду вазни сабук

2008 — Қаҳрамони ҷаҳон оид ба WBC дар ду вазн

2008 — Легендаи ифтихории Филиппин

2008-2009 — Қаҳрамони ҷаҳон оид ба варзиши сабук WBC

2010-2011 — Қаҳрамони ҷаҳон дар вазни миёнаи

2009-2012, 2014-2015, 2016, 2019 — қаҳрамони ҷаҳон байни сабуквазнон.

Яҳё Муҳаммаднабиев,

“Тоҷикистон”

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.