Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Чархбол дар ноҳияи Ванҷ ба замин афтод

Як чархболи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар роҳ ба назди сайёҳони рус, рӯзи 5-уми август дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ба замин афтодааст.
Дар ин ҳодиса ба гуфти шоҳидон, як нафар ҷон бохта, чаҳор каси дигар захмӣ шуданд.
Ҳодиса соати 12-и рӯзи панҷшанбе дар ҳудуди деҳаи Поймазор рух додааст Ин чархбол барои овардани сайёҳони рус, ки дар баландии беш аз 5 ҳазор метр дармонда буданд, мерафтааст. Мақомоти Тоҷикистон расман дар бораи суқути чархбол иттилоъ надодаанд, аммо чанд манбаъ тасдиқ намудаанд,ки чархболи афтода ба Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон тааллуқ дошт.
Деҳаи Поймазор, ки чархбол дар онҷо афтодааст, яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Ванҷ мебошад. Деҳа дар поёни пиряхҳои Федченко, Кашолаях ва Хирсон ҷойгир аст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.