Чаро макотиби кишвар бо китобҳои дарсӣ пурра таъмин нестанд?

БА ТАВАҶҶӮҲИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ , ШӮЪБАИ МАОРИФИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ ВА МУАЛЛИМОНИ АРҶМАНД!

Яке аз дилсӯзони мактабу маориф бо исми Шоҳин Облоқулзода дар саҳифаи Фейсбукии худ аз кофӣ набудани китобҳои дарсӣ дар макотиби кишвар изҳорӣ нигаронӣ карда, сабабу роҳи ҳалли онро аз мақомоти дахлдори соҳа пурсон шудааст. Чаро китобҳои дасрӣ дар макотиб ба пуррагӣ дастрас нестанд? Кӣ бояд дар ин бобат ҷавогӯ бошад? Мудирони маорифи ноҳияву шаҳр ва ё Вазорати маорифи ҶТ? Чаро омӯзгорон хомӯшӣ ихтиёр мекунанду аз ин бобат ломе намегӯянд?

Оё муаллим ҳуқуқ барои талабае,ки китоб надорад ва ба қавли устод мавзӯъро аз худ накардааст, баҳои 2 монданро дорад?! Ин дар ҳолест,ки хонандагонро бояд дар навбати аввал макотиб бо китобҳои фаннӣ таъмин кунанд, вале бо баҳонаи он,ки китоб тамом шуд,ё намерасад дар куллияи мактабҳо ҳолат чунин аст.

Барои исботи ин гуфтаҳо ҳодисаеро ин ҷо меорам,ки аз рӯи рисолати касбӣ шоҳиди бевосита будам ва дидаму шунидам.Чанд сол қабл замоне,ки собиқ вазири маорифи кишвар Нуриддин Саид ба Панҷакент ташриф овардаву аз мактабҳо дидан карда буданд,аз чанд муаллиму роҳбарони мактабҳо пурсида буданд ки оё китобҳои фаннӣ дар мактабҳо ба пуррагӣ мерасанд, ҳамаи ин пурсидашудагон бале мерасанд, мегуфтанд.

Сипас барои ки ҳақ будан хонандагонро дар чанд синфҳо пурсон шуданд,ки кадоме аз шумо китобҳои дарсӣ надоред, аз ҳамаи синфҳо 5-6 нафарӣ даст боло карданд ва дар яке аз мактабҳои деҳот бошад хонандагон ба пуррагӣ даст боло кардан,ки китоби забони англисӣ ва русӣ надоранд.

Чунин ҳолатро дида вазири собиқ аз устодону роҳбарон ва сарвари мориф пурсиданд,ки чаро ба ҷои ба вазорат дархост пешниҳод кардану китобҳои намерасидаро гирифтан, дурӯғ мегӯянду бо ин амалашон ҳам хонанда ва ҳам вазирро фиреб медиҳанд! Ҳол он,ки гуфтанд вазири собиқ мо тавони ба пурраги таъмин намудани макотиби кишварро бо китобҳои фаннии дарсӣ дорем.

Ба замми ин шумо китобпулиҳоро чидаву нақшаро иҷро карда бошед,бояд дар навти аввал бо китоб таъмин карда шавед.Чунин буд як лаҳзае аз ташрифи вазири собиқ Нуриддин Саид, аммо ин гуфтаҳо то ба имрӯз иҷро намешаванду хонандагон китобҳои надоштаашонро аз мағозаҳо бо қиммати гарон харидори мекунанду волидайни хешро дучанду сечанд дар азоби ташвиш мемонанд. Мисоли оддияш ҳамин,ки ана ҳамин китоби дарсии «суруд ва мусиқиро хонандае дирӯз ба 20 сомонӣ харидорӣ намудааст.

Чун пушти ин китобро дидам дар ҳайрат афтодам, зеро ҷои нархнома «моликияти давлатӣ»навишта шуда буд. Акнун худ қазоват кунед,ки бо чунин найрангу чунин ҳолатҳо ба куҷо меравему фарзандони мову шумо чи ибрате мегиранд, чи хулосаву ва чи донише?!

Шояд баъди хондани ин матлаб иддае даъво кунанд,ки чаро мактабу устодро мушаххас наовардам, дуруст мегӯед, аммо андешидам, ки барои бори аввал дар шакли умум баен кунам беҳтар, зеро гуфтаанд,ки «гап соҳибашро меёбад». Чун дидем,ки ин гуфтаҳо ислоҳ нашуданд, ба мушаххас баёнӣ мегузарем!

Шоҳин Облоқулзода

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.