Чаро Урозбек модари се фарзандашро кушт?

Кормандони милитсия дар ноҳияи Ёвон Қаракулов Урозбекро боздошт намуданд, ки дар куштори ҳамсари ҷавонаш даст доштааст.

Котиботи ВУД Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳодисаи даҳшатбор рӯзи 27 ноябр дар ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвон рух додааст.Куштор дар заминаи рашки беасос ва муноқишаи оилавӣ сар задааст.»Қарақулов Урозбек дар пайи муноқишаи оилавӣ ва рашк ҳамсари 32 — солаи худ Бобоҷонова Бибихоларо ба қатл расондааст», — таъкид мешавад дар хабари манбаъ.Мақтул  Бибихола модари се фарзанд буда, ҳамсараш бо корди хоҷагӣ бо як бераҳмии махсус чанд маротиба ба узвҳои муҳими баданаш мезанад, ки ҷабрдида дар ҷои ҳодиса, аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштааш ба ҳалокат мерасад.Зимнан, кормандони милитсияи ноҳияи Ёвон дар кутоҳтарин муддат гумонбари асосии ҷинояти мазкурро муайян ва боздошт намуданд.ВКД мегӯяд,ки  феълан нисбати Қарақулов Урозбек дар Прокуратураи ноҳияи Ёвон парвандаи чиноятӣ бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Чумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *