Чин хоки Моҳро ба Замин меорад

Дастгоҳи тадқиқотии Чин “Chang’e 5” (Чанге 5) рӯзи сешанбе барои ҷамъоварии намунаҳои хоки Моҳ ва овардани он ба Замин бомуваффақият дар як минтақаи қаблан муқарраршуда дар сатҳи Моҳ фуруд омад. «Зондгоҳи “Чангэ-5” бомуваффақият ба як минтақаи мушаххас дар тарафи намоёни Моҳ фуруд омад», — гуфта мешавад дар изҳороти шабакаи телевизионии ин кишвар. 24 ноябр Чин мушаки  бозгашти “Чангэ-5” -ро, ки бояд намунаҳои хоки Моҳро  ба Замин баргардад, ба фазо фиристод . Ин амалиёт  барои 23 рӯз пешбинӣ шудааст. Киштии кайҳонии “Чангэ-5”-и Чин ба мадори Моҳ даромада, аз он ҷо дастгоҳро ба “замини” Моҳ фиристод ва интизор меравад, ки он  тақрибан ду кило реголит (хоки Моҳ)-ро ба Замин расонад. Ин аввалин киштии кайҳонӣ дар тӯли 44 соли охир  аст, ки ба Моҳ фиристода мешавад. Дар сурати муваффақ шудан, Чин пас аз ИМА ва СССР кишвари сеюм хоҳад шуд, ки тавониста чунин корро ба анҷом расонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *