Чор ҳолате,ки модарони душанбегӣ кудаконро дар хона “фаромӯш” кардаанд

Ду кӯдак, ки яке духтарчаи 7-сола ва дигар писарчаи 8-сола дар дохили хона монда буданд.

Тавре КҲФ хабар додааст, як сокини хиёбони Рӯдакии пойтахт ба қисми навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе занг зад ва хабар дод, ки дари манзили истиқоматиаш баста ва ду кӯдаки ноболиғаш дар дохили хона мондаанд.

Соати 13:20 дақиқа Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе дар хайати 5 нафар, ба ҷои ҳодиса сафарбар шуданд.
Лозим омад бо истифода аз нардбон ва дигар таҷҳизот аз тиреза вориди хона шаванд ва дарро аз дарун боз кунанд.
Маълум шуд, ки ду кӯдак, ки яке духтарчаи 7-сола ва дигар писарчаи 8-сола дар дохили хона монда буданд. Кӯдакон солим ба модарашон супурда шуданд ва ба ҳеч ёрии тиббиву равонӣ ниёз надоштанд.
Сокинон бояд ҳангоми аз хона берун шудан саросема нашаванд, ҳамеша аввал дид, ки калид бо шумост ё дар дохил мондааст.
Зарфи як ҳафтаи охир танҳо дар шаҳри Душанбе ин чорумин ҳолатест, ки модарон саросема аз манзил берун мешаванд ва тифлон дар дохил танҳо мемонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *