Дӯстии Ҷӯрабек Назрӣ бо Аҳмад Зоҳир бо чӣ анҷомид?

Ҷӯрабек Назрӣ (Назриев), донишманд ва овозхони маъруфи тоҷик, рӯзи 24-уми май дар 74-солагӣ даргузашт.  Ба гуфти пайвандонаш ӯ аз бемории қанд ранҷ мебурд, вале ба иттилои расонаҳо ӯ ва чанд узви хонаводааш чанд рӯзи охир дар шифохонаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бистарӣ буданд.

Аҳли илму фарҳанги тоҷик даргузашти Ҷӯрабек Назриро талафоти калон барои илм ва санъат арзёбӣ карданд. Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарманди халқии Иттифоқи Советӣ ва дӯсти марҳум ӯро чор Ҷӯрабек дар як пайкар ном бурд:

“Ҷӯрабек Назриев чаҳор Ҷӯрабек буданд, Ҷӯрабеки олим, Ҷӯрабеки ҳофиз, Ҷӯрабеки навозанда ва эҷодкор. Марди ростгӯ ва ростқавл буданд. Эҷоди кардаашон ҷовидона аст. Сад афсӯс, ки чунин дӯстро аз даст додам.”

ҶӮРАБЕКИ НАЗРӢ КИСТ?

Ҷӯрабек Назрӣ 23 июни 1946 дар деҳаи Наврӯҳои ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст, вале волидайнаш аз Дарвоз ҳастанд. Хатмкардаи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Тамоми умр дар Академияи илмҳои кишвар фаъолият мекунад. Солҳои тӯлонӣ директори Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ ва роҳбари Ганҷинаи мероси хаттии Академияи улумро ба дӯш дошт.

Соли 1974 дар мавзӯи «Мактабии Шерозӣ ва достони «Лайливу Манҷун»-и ӯ» рисолаи номзадӣ, соли 1996 дар мавзӯи «Ривоёти Библияву Қуръон роҷеъ ба Сулаймон ва таҳаввули он дар адабиёти форсу тоҷик» рисолаи докторӣ дифоъ кардааст. Асарҳои «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Мактабӣ (1983), Матни илмии интиқодии «Лайливу Маҷнун»-и Мактабӣ” (Теҳрон, 1993), «Сулаймоннома»-и Зулолии Хонсорӣ (1996), «Қиссаи Сулаймону Билқис дар адабиёти форсӣ» (1996), «Нома ва номанигорӣ дар «Шоҳнома» (Теҳрон, 2001), «Таърихи Ҳумоюн»-и Гулшанӣ» (2007), “Ҳунари номанигорӣ дар «Шоҳнома» (2014), “Дарёи сухан пуроб бояд”( 2016) ва даҳҳо мақолаҳои илмӣ ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Дар соҳаи мусиқиофаринӣ ва сурудхонӣ соҳиби мактаби хосае буда, чандин ҳунарманди соҳибноми ҷумҳурӣ шогирди мактаби ҳунарии ӯстанд. Арбоби шоистаи санъати  Тоҷикистон , Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон  аст.  

Банда чанд сол қабл, қиссаи ошноии Ҷӯрабек Назриро бо Аҳмад Зоҳир зимни як суҳбат сабт карда будам, ки онро пешкаши шумо мекунам.

Шиносоӣ бо Аҳмад Зоҳир

Шиносоии ман бо Аҳмад Зоҳир 11 феврали соли 1976 дар Кобул рух дод. Мо дар як маҳфил, ки иштирокчиёнаш аҳли назар буданд, нишаста будем. Аҳмад Зоҳир ситораи Афғонистон  навакак аз маҳбас баромада буд ва дар атрофи номаш гапи зиёд мерафт. 

Дар он маҳфил нафароне аз овозхонии ман огаҳ хоҳиш карданд, ки суруд хонам. Ягона асбоби мусиқӣ дар он маҳфил рубоби бадахшонӣ буд. Аҳмад Зоҳир онро бо дасти чап менавохт ва мушкилӣ мекашид. Барои ман осонтар буд, зеро симҳои рубоб дар тарафи рост буданд. Ман ҳам се-чор суруди ҷолиб хондам, ки боиси истиқболи гарми ҳозирин  шуданд. Аз ҷумла худи Аҳмад Зоҳир маро ба оғӯш кашида табрик гуфт.  

Баъди анҷоми маҳфил ба хона омадам. Мо дар Микрорайони Кобул зиндагӣ мекардем. Дар хона будам, ба ман хабар доданд, ки Аҳмад Зоҳир дар берун маро интизор аст. Ба берун баромада дидам, ки дар ҳақиқат Аҳмад Зоҳир аст. Боз бағал кушода, якдигарро ба оғӯш гирифтем. Ҳамин тавр дӯстии мо оғоз шуд.

Таоми ҳарифона

Аҳмад Зоҳир бо ҳамроҳии Довуд ном дӯсташ омада буд. Ман онҳоро ба хона даъват кардам. Ҳанӯз хонумамро ба Кобул набурда будам, бинобар ин, дар хона таоми омода надоштам.  Барои ҳамин бо Аҳмаду Довуд  якҷоя хӯрок пухтем. Ҳар чӣ рост омад, ба дег андохтем. Ва як хӯроке шуд, ки шояд агар дар тарабхонаҳо онро бароямон пешкаш мекарданд, аз хӯрданаш ибо мекардем. Вале азбаски дастпухти худи мо буд, бароямон хеле бомазза намуд. Ҳини суҳбат Аҳмад Зоҳир аз он ибрози ҳайрат мекард, ки чӣ гуна як Шӯравӣ на танҳо бо забони дарӣ хуб ҳарф мезанад, балки суруд низ мехонад, аз таъриху фарҳанги Афғонистон хуб бохабар аст.  Баъд ба ӯ фаҳмондам, ки Тоҷикистони мо бо Афғонистон як таърих дорад, дину фарҳанги мо якест, Мардум таронаҳои афғониро дӯст медоранд.    

Дар хонаи  ман як рубоб буд. Ман он рубобро гирифта, хеле суруд хондам ва дидам, ки меҳмонони гиромиям аз кори ман хеле шод шуданд. Рӯзи дигар Аҳмад Зоҳир боз ба хонаи мо омад. Бо ҳамроҳии худ як гармония (асбоби мусиқӣ) овард ва онро ба ман ҳадя намуд. То ба имрӯз онро бо худ дорам. Дар бисёр консертҳоям аз он истифода бурдаам.  

Мағфират Қулқулова кист?

Ман Аҳмад Зоҳирро бо ҳунари хуби тоҷикӣ ошно кардам. Аз ин ҷо сабтҳои зиёде бурдам. Ӯ аз куҷо медонист, ки Акашариф Ҷӯраев кӣ аст? Ё Одина Ҳошим кӣ аст? Ӯ орзу мекард, ки як бор ба Тоҷикистон ояд. Ҳатто як субҳ дар занг зад. Хестам боз кардам, ки Аҳмад Зоҳир бо як дӯсташ паси даранд. Гуфт: “Ҷӯрабекҷон як хонуми ҳунарманд хеле хуб хонд, хонуми тоҷикӣ, хушам омад аз хонданаш. Дар ҳақиқат ҳунармандони шумо хуб мехонанд”. Гуфтам, ӯ кӣ будааст? Гуфт, ки Мағфират Қулқулова. Гуфтам, бале ҳаст, Мағфират Ҳамроқулова. Як рӯз Аҳмад Зоҳирро ҳамроҳ гирифтам ва рафтем хонаи Шаҳбоз Кабиров, хонаи шоира Меҳринисо. Онҳо маро меҳмонӣ даъват карда буданд. Соати даҳ рафтем то яки шаб нишастем.

Аҳмад Зоҳир дӯсти озода буд. Зиёд назди ман меомад ва ҳамроҳ соатҳо дар хиёбонҳои Кобул суҳбаткунон қадам мезадем. Бештар ман ҳарф мезадаму ӯ гӯш мекард. Мехост дар бораи Тоҷикистон, адабиёти форсӣ ва мардуми мо зиёд донад. Маро дӯст медошт ва ҳамеша “Ҷӯрабеки қанд” номам мебурд. Ҳатто маро назди падараш, ки сиёсатмадори воломақом бурда шинос кард. Ӯ маро хуш пазируфт, гуфт ки мехоҳад ҳамаи дӯстони Аҳмад Зоҳир мисли ман бошанд.

Аҳмад Зоҳир агенти СРУ

Яке аз сабабҳои қатъи фаъолият кардани ман дар Афғонистон дӯстиам бо Аҳмад Зоҳир буд. Шӯравӣ дар Афғонистон сиёсати комилан нодурустро пеш мебурд. Масалан, як лейтенанти калони миллаташ рус дар Афғонистон масъули бахше таъйин мешуду як полковники тоҷик, ки аз ҳамон система буд, тарҷумони ӯ таъйин мегардид.  Бинобар ин, аксари корашон ғалат буд ва ҳамин сабаб шуд, ки нақшаҳояшон амалӣ нагардид.

Ҳамин амал бо ман шуд. Маро гуфтанд, ки 15 рӯз муҳлат Афғонистонро тарк кунам. Ба ватан омада, ба Маскав сабаб пурсидам. Се далел пеш оварданд: «Не владеет язык дарӣ, политический неграмотен, встречался с людми сомнителними репутатсиями”.

Гуфтам “кого ви имеете виду”. Гуфтанд: «Ахмад Захир”

Ман гуфтам, ки дарӣ забони ман аст, Аҳмад Зоҳир сароянда ва дӯстам… Вале ба ҳар ҳол роҳи ман ба Афғонистон баста шуд. Ман медонам, ки ин тарҳрезишуда буд, зеро нафарони зиёд маро намехостанд. Ман гуноҳамро нағз медонистам, гуноҳи ман ин аст, ки рост мегӯям. Тамоми умр аз пушти ин гуноҳам азият мекашам. 

Одил Нозир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *