Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Даҳ бор ҷастӣ малахак…

Сафарзода дар маҷмуъ 64.500 доллари ИМА (баробар ба 643.435,65 сомонӣ) ва 210000 сомонӣ талаб карда гирифта

Агентии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсияи Тоҷикистон як корманди Суди Олиро бо гуноҳи қаллобӣ боздошт кардааст Ба иттилои манбаъ, Сафарзода Сайнуриддин Муҳуддин, дар вазифаи сармутахассиси шуъбаи назорати судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, даст ба қаллобӣ задааст. Ӯ дар давоми фаъолияти кориаш бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, бо истифодаи мақоми хизматӣ ва бо роҳи фиреб аз шаҳрванд “А” барои ба манфиати охирон ҳал намудани баҳси молу мулкӣ вобаста ба нуқтаи таъмири автомашинаҳо, ки дар баррасии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, пул талаб кардааст. Сафарзода инчунин дар якчанд ҳолат аз як гуруҳ шаҳрвандон барои пеш аз муҳлат аз адои минбаъдаи ҷазо озод намудан, қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ ва барои ба вазифаи котиби судии Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудан низ пул талаб кардааст. Ӯ дар маҷмуъ 64.500 доллари ИМА (баробар ба 643.435,65 сомонӣ) ва 210000 сомонӣ талаб карда гирифта, бо ин кирдораш ба шаҳрвандон зарарҳои махсусан калони моддӣ расонидааст, афзудааст манбаъ. Ҳоло Агентӣ нисбати Сафарзода Сайнуриддин Муҳуддин бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ ба суд ирсол кардааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.