Даҳони ҳофизонро бо пул мебанданд

Як мақомдори баландпояи «Толибон»* ба сарояндаҳое, ки тарки пеша мекунанд, пардохти ҳармоҳаро ваъда кардааст

Мақомдорони «Толибон»* мегӯянд, омодаанд барои ҳар сароянда барои тарки пеша пул пардохт кунанд.

Бино ба иттилои манбаъ Муҳаммаднабӣ Мубин, узви Комиссияи «Толибон»* дар умури фарҳанг, зимни суҳбаташ тариқи телевизион гуфт, ҳармоҳа ба овозхонҳое, ки довталабона тарки пеша мекунанд, ҳудуди 30 — 40 ҳазор афғонӣ пардохт карда шавад. Тибқи қурби рӯзи рӯзи 6 октябр қурби як ҳазор афғонӣ ҳудуди 10 долларро ташкил медиҳад.

Маврид ба зикр аст, ки «Толибон»* баъди ғасби қудрат дар ҷойҳои оммавӣ мусиқиро манъ карда, барои занон дар кору таҳсил маҳдудиятҳо ҷорӣ намуданд.

Пешниҳоди мақомдори «Толибон»* барои пардохти ҳармоҳа ба овозхонҳо дар ҳолест, ки мардум аз нагрифтани маош ва дигар имтиёзҳо барои рӯзгузарони шикоят доранд ва кормандони давлатӣ дар ин кишвар барои гирифтни маош дучори мушкил шудаанд.

Ин пешниҳодро магар ҳофизоне, ки вуҷудашон шеъру суруду оҳанг ҳаст пазируфта метавониста бошанд? Толибон ин амали худро то куҷо метавонад роҳандозӣ намоянд?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *