Дар Ҳисор боз як ноболиғ мавриди таҷовуз қарор гирифт

Ба зидди ҷавоне, ки ба писари ноболиғе дастдарозӣ кардааст, парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Як марди ҳисориро бо гуноҳи таҷовузи як писарбачаи ноболиғ боздошт кардаанд. Мақомоти маҳаллӣ дар шаҳр гуфтанд, ки ҳодиса тақрибан 10 рӯз қабл дар Турсунзода рух додааст.

Навбатдори Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ҳисор рӯзи 11-уми феврал гуфтааст, ба зидди ҷавоне, ки ба писари ноболиғе дастдарозӣ кард, парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишотро прокурори шаҳр идома медиҳад. Ин мард ҳоло дар боздошт қарор доштааст.

Чунин ҳодисаи дастдарозӣ ба ноболиғ қаблан низ дар ин ҷо дида шуда буд ва бо гуноҳи дастдарозӣ ва ҳомила кардани як духтари 12 сола мардеро боздошт намуданду баъд аз толори суд “дар асоси қонуни авф” озодаш карданд.

Ин ҳодиса дар матбуот баҳси зиёдеро ба миён овард ва ҳоло парвандаи мазкурро Суди Олӣ мавриди баррасӣ қарор додааст.

Суд дар Ҳисор таҷовузкори ноболиғро афв кард


Моҳе пеш як гурӯҳ аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз Президент ва раҳбарони ду палатаи парлумон хостанд, ки ҷазоро барои озори ҷинсии ноболиғон сахттар кунанд. Дар зери муроҷиатнома 54 созмону шахсони алоҳида имзо гузошта буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *