Дар Афғонистон гурӯснагиву фақр пешорӯ аст, ки базудӣ домони сокинони ин кишварро хоҳад гирифт

Як моҳ баъд аз таҳти назорат даровардани аксар қаламравҳои Афғонистон ва эълони таъсиси “аморати исломӣ”, ба андешаи таҳлилгарон, “Толибон” натавонистаанд аз як гурӯҳи ҷангӣ ба як ҳукумати амалкунанда табдил шаванд.

Масато Тория, муҳаққиқи масоили Афғонистон дар Донишгоҳи Токио, мегӯяд, набудани малакаи мудирият ва ғарқи ихтилофҳои сиёсӣ будани аъзои он “Афғонистонро торафт ба як ҷанги шаҳрвандӣ наздик мекунад”.

Ба қавли таҳлилгарони мустақил, шикоф дар миёни шабакаи Ҳаққонӣ, пойгоҳаш дар шарқи Афғонистон ва ҳаммуассисони “Толибон”, ки пойгоҳашон Қандаҳор – дар ғарби ин кишвар аст, бештар мешавад. Уилям Далраймпл, муҳаққиқи қавми паштун, мегӯяд, “ишғол кардани як кишвар ҳамеша бахши осони кор аст. Мудирияти он, бахусус Афғонистон, кори хеле мушкил аст”.

Чолиши азиме, ки дар баробари “Толибон” истодааст, ин дастрасӣ ба захираҳои пулӣ ва 9 миллиард доллари бандшуда дар Амрико аст. Ба қавли дабири кулли СММ Антонио Гутерреш, вазъи башарӣ дар Афғонистон бӯҳронӣ мешавад ва гуруснагиву фақр мушкилест, ки базудӣ домони сокинони ин кишварро хоҳад гирифт.

Дар ҳамин ҳол, “Толибон” аллакай гуфтаанд, бисёре аз бонувони соҳиби кор хонанишин мешаванд. Вокуниши “Толибон” ба эътирозҳои зидди онҳо тунду хашин аст. Таҳлилгарон мегӯянд, дар як моҳе, ки гузашт, гурӯҳи ҳоким дар Афғонистон натавонист, аз имтиҳони ҷиддии мудирият гузарад ва бар ивази таваҷҷӯҳ ба эҳёи кори сохторҳои давлативу иҷтимоӣ, барояшон таҳияи хадамоти оддиву бунёдӣ мушкил мебошад.

“Дуздон нопадид шуданд, нон ҳам “гум” шуд”

Хабаргузории Reuters менависад, баъд аз чиҳил сол ҷангу кушта шудани ҳазорҳо нафар, гуё вазъи амниятӣ дар Афғонистон нисбатан муътадил шудааст, вале хушксоливу гуруснагӣ ҳамоно бисёриҳоро дар фикри тарки ин кишвар андохт.

Як гӯштфурӯше аз Кобул ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, “вазъи амниятӣ ҳоло каме беҳтар аст, вале мо як тин ҳам кор намекунем. Ҳар рӯз аз пешина бадтар мешавад.” Як дӯкондори дигаре гуфт, “дуздон нопадид шудаанд, вале нон ҳам нопадид шудааст”.

Бонкҳои кишвар маҳдудияти додани пулҳои нақдро риоя карда, ба дасти як нафар ҳафтае на бештар аз 200 доллар ва ё 20 ҳазор афғонӣ медиҳанд. Пушти дари бонкҳо навбати дароз ба вуҷуд омадааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *