Дар Душанбе ҳаво то 11 дараҷа хунук мешавад

Дар Душанбе ҳарорати ҳаво шабона 9-11 дараҷа хунук ва рӯзона 0+2 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳо туман мефарояд.  Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 11-16 дараҷа хунук ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 20-25 дараҷа хунук ва рӯзона  7-12   дараҷа ва дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ  дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 9-14 дараҷа  хунук ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  13-18 дараҷа  хунук ва рӯзона 4-9 дараҷа  хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона  4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа  гарм  мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 6-11 дараҷа хунук  ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 14-19 ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 9-11 дараҷа хунук ва рӯзона  0+2 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *