Дар Душанбе мактаббача хирсбачаи зинда мефурӯшад

Барои гирифтани иҷозаи шикори хирси маллаи тиёншонӣ як нафар бояд 10 ҳазору 804 сомониву 22 дирам пардохт намояд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як ҷавонеро, ки мехост ду хирсбачаро фурӯшад, боздошт кард.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, Шерзод Сардоров, хонандаи синфи 10 – уми мактаби миёнаи шаҳри Душанбе дар ҳоле боздошт шудааст, ки мехост дар хиёбони Рӯдакӣ ду хирсбачаро ҳар як 3 ҳазор сомонӣ ба фурӯш расонад.
“Ин нафар ҳатто аксҳояшро бо хирсбачаҳо дар сафҳаи Инстаграмаш монда, бо иттифоқи як ҳамдасташ хирсбачаҳоро гуруснаву ташна ва аз гардану гулӯяшон дошта, қади кӯча мегардонданд ва ба ҳар нафари аз пеши роҳашон мебаромада, онҳоро пешниҳод мекарданд. Вақте онҳо боздошт шуданд, хисбачаҳо гуруснаву ташна буданд ва вазъи баде доштанд. Ҳоло ин кор таҳти тафтиши Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои мушатаккил ва Раёсати экологияву туризми вазорати корҳои дохилӣ қарор дорад”, — гуфт манбаъ.
Ин манбаъ афзуд, хирсбачаҳо ба таври оҷил ба Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе интиқол дода шуданд, то таҳти муроқибати духтури ҳайвонот бошанд.
“Ба назар мерасад, ки хирсбачаҳо рӯзҳои охир хӯроки дуруст нахӯрдаанд ва ҳоло вазъи саломатиашон хуб нест. Як муддати тӯлонӣ зарур аст, ки онҳо ба худ омада, сари по шаванд. Ҳоло онҳо ба дасти як парастори хуби Боғи ҳайвонот дода шудаанд ва ӯ аз онҳо муроқибат мекунад”, — гуфтааст ин манбаъ .
Манбаи “Спутник” дар ин бобат, ки ин хирсбачаҳо чӣ тавр дар ихтиёри мактаббачаҳо қарор гирифтаанд ва онҳоро аз куҷо ба даст овардаанд, ба ин сабаб, ки сирри тафтишот аст, тафсилоти бештар надодааст.
Тибқи як қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки шикори ҳайвоноти ваҳшӣ ва ҳаҷми ҷаримаву иҷоза барои шикори онҳоро танзим мекунад, барои гирифтани иҷозаи шикори хирси маллаи тиёншонӣ як нафар бояд 10 ҳазору 804 сомониву 22 дирам пардохт намояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *