Дар Файзобод маҳфили “Адибони ҷавон” таъсис ёфт

Бо ибтикори масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Файзобод маҳфили “Адибони ҷавон” таъсис ëфт.

Бино ба иттилои МИҲД-и ноҳияи Файзобод, дар маҳфили “Адибони ҷавон” наврасону ҷавононе, ки истеъдоди баланди навиштани шеър, ғазал, ҳикоя, чистон, рубоӣ ва дигар маҳорати эҷодиро доранд, ҷалб гардидаанд.

— Маврид ба зикри хос аст, ки бо мақсади сайқал додани истеъдоди эҷодию нависандагии наврасону ҷавонони ноҳия минбаъд дар назди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Файзобод маҳфили “Адибони ҷавонон” фаъолият хоҳад кард. Мақсад аз ташкил намудани чунин маҳфилҳо ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба шеър, ғазал, ҳикоя, чистон ва дарёфти чеҳраҳои нав мебошад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *