Дар Фаронса боз сари як занро буриданд

Ттеъдоди қурбониёни ин ҳамла ба се нафар расидааст ва яке аз онҳо, зан мебошад,ки сараш аз ҷониби ҷинояткор бурида шудааст.

Дар натиҷаи як ҳамлаи террористӣ дар Нитсаи Фаронса сари  як зан аз танаш ҷудо карда шуд, хабар медиҳад Reuters.

Шаҳрдори Нитса Кристиан Эстроси гуфт, ки дар калисои маҳаллии Нотр-Дам ё дар наздикии он, шахси номаълум ду нафарро бо корд кушта, чанд тани дигарро захмӣ кардааст ва боздошт шудааст. Мансабдор ҳодисаро ҳамлаи террористӣ номид. Дар ҳамин ҳол, як манбаъи интизомӣ ба Ройтерз гуфтааст, ки теъдоди қурбониёни ин ҳамла ба се нафар расидааст ва яке аз онҳо,  зан мебошад,ки сараш  аз ҷониби ҷинояткор бурида шудааст.

Дар миёнаи моҳи октябр як чечен,зодаи Маскав,ки дар Фаронса мақоми гурезаро ба даст оварда убд, дар як канори Париж сари  муаллими таърих Самуил Патиро барои нишон додани карикатураҳои пайғамбар Муҳаммад дар дарс бурида буд. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон зимни маросими видоъ бо Патӣ гуфт, ки Фаронса озодиро дифоъ хоҳад кард ва аз карикатура ва расмҳо даст нахоҳад кашид. Баъзе пайравони дини ислом аз ин ба хашм омаданд. Аз ҷумла, президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, ки Макрон ба кӯмаки тиббӣ ниёз дорад ва роҳи худро гум кардааст ва аз ҳамватанонаш даъват кард, ки аз хариди молҳои фаронсавӣ даст кашанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *