Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дар фазои Қирғизистон мушак аз кайҳон?

Сокинони Қирғизистон шаби гузашта дар осмон ҷисми дурахшиши пурасрорро мушоҳида карданд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, баъзе корбарон гумон мекунанд, ки шояд ҷисми номаълум метеорит аст. Ба гуфтаи дигарон, чунин тобиш дар осмон метавонист аз ҳисоби ягон навъи киштии кайҳонӣ пайдо шавад. «Мо маълумотро аниқ карда истодаем, ки он чӣ гуна буд. Тибқи маълумоти пешакӣ, дар қаламрави Қирғизистон харобӣ ба амал наомадааст ”, – гуфтаанд аз дафтари матбуоти Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи ин кишвар рӯзи чоршанбе ба РИА Новости. Тавре ки шоҳидон қайд карданд, аз ҷирме , ки дар осмон парвоз мекард, ягон садое намебаровард.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.