Дар Хуҷанд аз қочоқи тангаҳои қадима пешгирӣ карданд

Марди 48-солаи сокини ҷамоати Ҷавкандаки шаҳри Истаравшан, рӯзи 4 июн дар фурудгоҳи Хуҷанд ҳангоми нишастан бо хатсайри №2092 самти “Хуҷанд-Иркутск” бо гумони кочоқ ва муомилоти ғайриқонунӣ боздошт шуд. ВКД гуфт, ҳангоми азназаргузаронии бағоҷи номбурда, 180-адад тангаҳои қадима ёфт ва мусодира шудааст. Бар асоси хулосаи шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии вазорати фарҳанги Тоҷикистон, сиккаҳои барои ташхис пешниҳодшуда, дар ҳолати хуб қарор дошта, сиккаҳои сериявианд ва арзиши нумизматикиро доро буда, аҳамияти таърихию фарҳангӣ ва осорхонавӣ доранд.
Дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аз сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ” интиқоли ғайрирасмии сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз ҳудуди ҷумҳурӣ манъ карда шуда, ҷавобгариро пешбинӣ менамояд.
ВКД гуфт, дар кирдори гумонбаршаванда аломатҳои таркиби ҷинояти дар моддаи 289 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон пешбинишуда дида мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *