Дар либоси гурезаҳо ҷангҷӯёни толиб пинҳонанд магар?

Сафири Русия дар СММ: Ҷангҷӯёни афғон метавонанд ба Осиёи Марказӣ ворид шаванд.

Василий Небензя- намояндаи доимии Русия дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар ҷаласаи Шӯрои Амният гуфт, кишварҳои Осиёи Марказӣ аз эҳтимоли ба қаламрави онҳо даромадани ҷангҷӯёни афғон зери пӯшиши гуреза ва паноҳанда нигаронанд.

«Хавфи даромадани ҷангҷӯёни афғон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки худро фирориёни ҷанг вонамуд карда метавонанд, боис ба нигаронии кишварҳои минтақа аст», — гуфт ӯ дар ҷаласаи Шӯрои Амният рӯзи 6-уми август.
Вай афзуд, ки Русия дар ин масъала бо ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар тамос аст.

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки дар чандин вилояти ҳаммарз бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Афғонистон ҷангҳои шадид идома дошта, бахши умдае аз марз зери назорати Толибон гузаштааст.

Рӯзи 8-уми август Толибон ҳамчунин ба ишғоли се маркази вилоят дар шимоли Афғонистон даст ёфтанд. Даргириҳо дар вилоятҳои Балх ва Бадахшони Афғонистон идома дорад.

Бо вуҷуди шиддат гирифтани вазъ дар ин кишвар президенти ИМА Ҷо Байден гуфтааст, бобати қарори 14-уми апрел ба баровардани нерӯҳои Амрико аз Афғонистон тағйире ворид нахоҳад кард.

Аз он вақт гирифта, то ҳоло Толибон мегӯянд, тавонистаанд, наздик ба 80 дарсади Афғонистон ва гузаргоҳҳои марзиро бо Эрон, Чин, Покистон, Тоҷикистон ва Туркманистон таҳти назорат гиранд. Аммо Толибон гуфтаанд, ба кишварҳои ҳамсоя ворид нахоҳанд шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *