Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дар Маскав Русия чӣ мегӯяду Тоҷикистон чӣ мепурсад?

Дар остонаи ҷаласаи комиссия баъзе расмонаҳои нашрияҳои русӣ гуфта буданд, ки шояд дар ҷаласаи Маскав мавзӯи пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё матраҳ мегардад.

Дар Маскав,пойтахти Русия ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Русия ба охир расид. Ҳайатҳо рӯзҳои 7 ва 8-уми феврал дар бораи додугирифти иқтисодӣ ва ҳамкориҳои тиҷоратӣ суҳбат карданд. Тавре дар нишаст гуфта шуд,ҷонибҳо ҷиҳати афзоиши ҳаҷми боркашонӣ ба мувофиқа расиданд. Бо дарназардошти беҳбудии вазъи беҳдоштию эпидемиологӣ дар Тоҷикистон, ба ҷониби Россия пешниҳод шуд, ки масъалаи зудтар барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ миёни ду кишварро баррасӣ намояд.
Аммо маълум нест, ки ҳукумати Русия ба ин пешниҳод чӣ ҷавоб додааст ва оё парвозҳои ҳавопаймоҳои доимӣ ва ҳаракати қатораҳо аз Тоҷикистон ба Русия аз сар гирифта мешавад ё на.

Дар остонаи ҷаласаи комиссия баъзе расмонаҳои нашрияҳои русӣ гуфта буданд, ки шояд дар ҷаласаи Маскав мавзӯи пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё матраҳ мегардад.Тавре коршиносон мегуянд, шубҳаи Тоҷикистон аз узвият ба ин созмони таҳти назорати Русия сабаби маҳдуд шудани имкониятҳои гумрукиву тиҷоратии он дар ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷии дигар мешавад. Аммо Русия гуфтааст, ки барои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дарҳои худро тадриҷан боз мекунад.
Ҳамчунин, Тоҷикистон дархост кардааст, он шаҳрвандонаш, ки дар Русия қонуншиканиҳои сабуке кардаанд, ҳақи дубора ворид шудан ба он кишварро дошта бошанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.