Дар пайи Facebook Google ҳам дар Тоҷикистон андоз месупорад

Дар пайи сомонаи иҷтимоии Facebook, ширкати Google низ дар мақомоти андози Тоҷикистон ҳамчун андозсупоранда ба қайд гирифта шудааст.

Кумитаи андоз иттилоъ додааст, ки 3 март, ширкати бузурги онлайнии Google дар ин ниҳод ҳамчун супорандаи андоз аз хизматрасониҳои электронӣ, ки аз ҷониби шахсони хориҷӣ анҷом дода мешаванд, ба қайд гирифта шуд.

Кумита шарҳ дод, ки амали Қонун ба шахсони хориҷие тааллуқ дорад, ки ба шахсони воқеӣ дар Тоҷикистон хизматрасониҳои рақамиро анҷом медиҳанд.

Тибқи Қонун, ширкатҳои хориҷӣ уҳдадоранд на дертар аз 20 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи оғоз намудани хизматрасониҳои электронӣ дар мақомоти андоз ба қайд гиранд. Минбаъд, эъломияи ААИ ба мақомоти андоз тавассути утоқи шахсии андозсупоранда, ки бо забони англисӣ дастрас аст, пешниҳод карда мешавад.

Кумитаи андоз инчунин қайд менамояд, ки ба ғайр аз ширкатҳои бузурги Google ва Facebook, чунин ташкилотҳои хориҷӣ, ба монанди Doodle inc, Novatech IT ltd ва Xsolla (USA) Inc ба қайд гирифта шудаанд, ва барои бақайдгирии субъектҳои хориҷии дигар Кумита бо намояндагони Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (ОЭСР) ва ширкатҳои интернетӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодааст.

Тасмими андозбандӣ кардани «Google” аз сӯи раҳбарияти Кумитаи андоз дар Тоҷикистон ҳануз аз соли 2015 пешниҳод шуда буд. Он замон раиси кумита Нусратулло Давлатзода, ҷамъ кардани андоз аз ширкатҳои Google, Facebook, Apple ва Microsoft имконият медиҳад, ки будҷаи Тоҷикистон як манбаи дигари даромад пайдо кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *