Дар рӯзи ханда Абдурауф Муродӣ 60-сола шуд

Ғурури хурӯс яқин аз он аст, ки чандин зану бача дошта бошад ҳам, алимент намедиҳад.

Дуруғ намегӯем. Воқеан ҳам, дар рӯзи ханда, яъне якуми апрел нависандаи маъруфи ҳаҷвнигор Абдурауф Муродӣ 60-сола мешавад. Ин адибро солиёни зиёдест, ки хонанда мешиносад ва аз қалами тезу табъи равони ӯ огоҳ аст, бинобар ин, суханро ба дарозо накашида чанд эпиграммаи ӯро пешкаши шумо мекунем. Бешухӣ, аҳли қалами ҳафтаномаи “Тоҷикистон” рӯзноманигор ва адиби мумтоз Абдурауф Муродиро табрик гуфта, барояш 60-соли дигари пурбори эҷодӣ таманно доранд.

Баробари сеяки тарсе, ки аз занат дорӣ, аз Худо тарсӣ, одами хуб мешавӣ.
***
Зани ман ҳам чароғи хонадон аст, лекин хирасӯз.
***
Бархеро чирки танаи шер будан ҳам шараф аст.
***
Китобатон агар ба фурӯш наравад, арзон кунед, носфурӯш яклухт мехарад.
***
Мурдаи хасис ҳар куҷо ки хок шавад, он хок ҳосил намедиҳад.
***
Халтаи гарони ордро озод бардошта бошад ҳам, ба гаронии нархи он тоб оварда натавонист.
***
Дар замони мо пулро гум кардан даҳшатноктар аз ақлро гум кардан аст.
***
Ғурури хурӯс яқин аз он аст, ки чандин зану бача дошта бошад ҳам, алимент намедиҳад.
***
Аз дафтари хотира. Ба мо хонаи нав доданд. Дараш кушода намешавад, вале хушбахтона, ба воситаи тирезааш бемалол даробаро кардан мумкин.
***
Ҷанги дохилӣ сахт аст, вале дар муқоиса бо ҷанги арӯсу хушдоман ҳеҷ.
***
Ӯ ҳангоми мутолиаи китоби «Асрори дарозумрӣ» ногаҳон вафот кард.
***
Вақте, ки дар ҷабҳаҳо гӯшу бинии мардумро мебуриданд, радиои ҷумҳурӣ пайваста бо мусиқии шӯх мехонд:
Илтиҷо дорам, ки мӯяшро мабур,
Кокулони мушкбӯяшро мабур.
***
Мард ба завҷаи хеш чашмакӣ зад. «Феъли марди ҳамсояро дорад мардаки ман», — аз дил гузаронд зан.
***
Агар аз муҳаббати санамҳои имрӯза гиреҳ ба қалбатон афтад, бепарво бошед; нохунашон дароз аст.
***
Пирамард будан хуб аст, агар ҳамхобаат пиразан набошад.
***
Ҳама гуна вожаҳо ҳамқофия мешаванд, агар шоир мансабдор бошад.
***
Тарсу ниҳоят ҷуръат карда, ба машқи шиноварӣ падохт: дар тағора.
***
Кайфи сӯзандору: ҳамеша бо ҷои нарм сару кор дорад.
***
Зан: — Мард бошӣ, ҳамёнро обистан кун!
***
Ягона чизе, ки ман ба меҳмон бо майли том ва зуд медиҳам, дастпоккунак аст.
***
Оғӯши маҳбуба шикоргоҳ аст, оғӯши зани худ-қароргоҳ.
***
Шакар ки қиммат шуд, зиндаги талхтар мешавад.
***
Ҳамин саҳар чӣ хӯрданамро фаромӯш мекунаму ту қарзи порсолаатро мепурсӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *