Дар Русия ширкатҳо муҳтоҷи муҳоҷирон шудаанд

38% ширкатҳои Русия омодаанд муҳоҷиронро ба кор қабул кунанд

Дар Русия конфронси онлайнии (мустақими)  “Муҳити тиҷоратӣ дар Русия. Лоиҳаҳои миллӣ «баргузор ардид, кидар он норасоии муҳоҷирони меҳнатӣ дар иқтисодиёти ин кишвар  мавриди муҳокима қарор гирифт.Дар ҷараёни он натиҷаҳои таҳқиқоти Маркази тадқиқоти стратегӣ муаррифӣ шуданд, ки тибқи он 38% ширкатҳои Русия омодаанд муҳоҷиронро ба кор қабул кунанд ва 10%  ҳеҷ гоҳ ин корро нахоҳанд кард.

40% ширкатҳо  бартариҳои муҳоҷиронро нисбат ба мардуми маҳаллӣ  дар он мебинанд,ки онҳо  музди  ками  талаб   мекунанд, 35% — ҳосилнокии балани меҳнати онҳоро нисбат ба русҳо бартарӣ медонанд, 25% — масъулиятшиносиашонро қадр мекунанд.

Тақрибан 40% ширкатҳое, ки одатан муҳоҷиронро ба кор мегиранд, гузориш доданд, ки ҳоло онҳо норасоии қувваи кориро эҳсос мекунанд. Онҳо боварӣ дорад, ки бинобар рафтани муҳоҷирон, 15% ширкатҳо ба зудӣ маҷбур мешаванд коргарони маҳаллиро бо шартҳои баро ин ширкатҳо зараровар ба коро қабул кунанд. Норасоӣ аз ҳама бешатр дар  байни ронандагони таксӣ ва раоснандаҳо (курер) мушоҳида мешавад.

«Ҳоло мардум боз ба сабаби коронавирус хонашин мешаванд  ва мувофиқан, шумораи фармоишҳо дар мағозаҳои интернетӣ боз ҳам меафзоянд, аммо дигар расонандаҳо  нестанд.” мегуяд Алексей Захаров, роҳбари портали Super Job.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *