Дар садамаи автобус 46 нафар ҳалок шуданд

 Шаби гузашта  дар шоҳроҳи Булғористон садамаи  автобус якҷо бо сӯхтор  рух дод. Дар ин ҳодиса дастикам 46 нафар, аз ҷумла 12 кӯдак ҳалок  шуданд.

Минтақае,ки дар он ҷо автобус ба садама дучор шуд

Тибқи иттилои пешакӣ, садама соати 3-и шаб ба вақти маҳаллӣ дар километри 31-уми шоҳроҳи София-Благоевград рух додааст. Дар автобус 52 нафар буданд. Мошин шабона  аз Македонияи Шимолй баромада, сарҳади Булғористонро убур кардааст. Тавре гуфта мешавад, ин автобус аз шаҳри Истамбули Туркия меомад. Дар миёни ҳалокшудагон  ронандаи автобус ва 12 кӯдак низ ҳастанд. Ҳафт нафар, аз ҷумла панҷ мард ва ду зан, зинда мондаанд.

Тибқи гузоришҳои таъйиднашуда, автобус ба девор бархӯрда, сипас чаппа шудааст. Сардори оташнишонии маҳаллӣ гуфт, ки автобус бар асари садама якбора  оташ гирифтааст. Ҳамаи наҷотёфтагон дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол ёфтанд.

Айни замон,ҳаракат дар ду самти шоҳроҳ дар қитъаи аз чорроҳаи Даскалово то Долна Диканя муваққатан маҳдуд карда шудааст. Дар ҷои ҳодиса корҳои тафтишотӣ идома доранд. Сабабҳои фоҷеа таҳқиқ мешавад. Ба гузориши ТАСС, Зоран Заев, нахуствазири Македонияи Шимолӣ, алакай дар робита ба ин ҳодиса изҳори таслият кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *