Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дар “Соро Ойл” – и Душанбе журналистонро кӯфтанд

Муллораҷаб Юсуфӣ ба ин амалкард эътироз намуда, хостааст, саҳнаро телефонӣ ба навор гирад, ин мард ба ӯ ҳамла намуда, ба ҷоғи ӯ мушт задааст

Тавре хабар дода мешавад,дирӯз ҳангоми таҳияи гузориш дар бораи афзоиши нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон, хабарнигорони Радиои Озодӣ – Муллораҷаб Юсуфӣ ва Шаҳло Абдуллоева – ҳадафи ҳамла ва лату куб қарор гирифтанд.
Ҳодиса рӯзи 4-уми март дар маҳаллаи 33-юми шаҳри Душанбе ва дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Соро Ойл” рух додааст. Хабарнигорон гуфтанд, дар ҳоле ки онҳо назари як ронандаро ба гарон шудани нархи газу бензин мепурсиданд, як корманди ширкати “Соро Ойл” қатъи наворгириро талаб кард ва наворбардор Шаҳло Абдуллоевро базарб тела дода, пеши роҳи дурбини видеоро гирифт.Хабарнигори дигар Муллораҷаб Юсуфӣ ба ин амалкард эътироз намуда, хостааст, саҳнаро телефонӣ ба навор гирад, ин мард ба ӯ ҳамла намуда, ба ҷоғи ӯ мушт задааст.Корманди нуқтаи сӯзишворӣ гуфтааст, бе ризояти роҳбарият хабанигорон ҳақ надоранд, идораи онҳо ва назарашонро сабт кунанд.
Юсуфӣ мегӯяд: “Дар аввал мо низ гапи ӯро пазируфтем ва нуқтаи сӯзишвориро ба навор нагирифтем. Чанд ронанда дар наздикии он буданд ва аз гаронии нархи бензин шикоят доштанд. Мехостем, бо онҳо суҳбат кунем, ки монеи мо шуданд. Мард ба ронанда низ хитоб кард, ки “мошинатро аз инҷо бар”.

Кормандони Радиои Озодӣ дар робита ба ин ҳодиса ба Вазорати корҳои дохилӣ шикоят карданд ва феълан маъмурони милисаи ноҳияи Сино ба таҳқиқ шуруъ кардаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.