Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дар Суғд бинои Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ месозанд

Дар шаҳри Бӯстон бинои Филиали “Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ”-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд бунёд мешавад.

Санги  асосро барои бунёди бинои ​ филиал  раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ ва раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода гузоштаанд.

Филиали Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2004 ташкил шуда, ҳамчун мақоми танзимкунандаи давлатӣ оид ба таъмини бехатарии радиатсионии дар вилояти Суғд фаъолият мебарад.

Зимни фаъолияти худ Филиали Агентӣ ҳаҷми калони корҳои мониторинги радиатсиониро дар самти таъмини бехатарии радиатсионии маҳфузгоҳҳои дар вилояти Суғдбуда иҷро намуда, таклифҳои мушаххасро оиди бехатаргардонии онҳо пешниҳод кардааст.

Ташкили бинои маъмурии мазкур имконият медиҳад, ки он ба маркази илмӣ-инноватсионии на танҳо вилояти Суғд, балки тамоми ҷумҳурӣ мубаддал гардида, обрӯю эътибори кишвари моро дар арсаи байналмиллалӣ боз ҳам баланд бардорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.