Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дар як рӯз: 189 ҷангии Толибон кушта шуд

Дар музофотҳои Қандаҳор, Зобул, Ҳирот, Ҷузҷон ва Ҳилманд 138 ҷангии Толибон* аз ҷониби артиши Афғонистон кушта шуданд

Шабонарӯзи гузашта неруҳои ҳукуматии Афғонистон 189 ҷангии “Толибон” – ро маҳв карданд.

Бар хабари Вазорати мудофиаи Афғонистон, 138 ҷангии дигар шадидан маҷрӯҳ гардиданд.

Амалиёти маҳви Толибон дар 5 музофот, аз ҷумла Ҳилманд. Зобул, Ҳирот, Қандаҳор ва Ҷузҷон пиёда карда шуд. Дар баробари ба қатлу маҷрӯҳ гузоштани Толибон инчунин неруҳои ҳукуматӣ 32 дастгоҳи таркандаи сохтаи ҷангиёнро ошкор ва безарар намуданд.

Қаблан ҳам Вазорати мудофиаи Афғонистон аз кушта шудани 89 толиб хабар дода буд.
Он замон амалиёт дар 10 шаҳри Афғонистон барои артиши ин кишвар бобарор анҷомид, зеро 89 ҷангӣ кушта шуду 82 нафари дигар шадидан маҷрӯҳ карда шуданд.

Толибон* иддао мекунанд, ки ҳудуди 90 дарсади қаламрави ин кишварро ба тобеияти худ даровардаанд, вале Ҳукумати Кобул ин иддаҳоро дур аз воқеият медонад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.