Дар як рӯз соҳиби 41 миллиард доллар шудан мехоҳед? Ин маводро хонед…

Роҳбари ширкатҳои Tesla ва SpaceX Илон Маск, ки дороиашба  272,3 миллиард доллар расид, сарватмандтарин марди таърихи ҷаҳон гардид. Дар ин бора рӯзи сешанбеи 26 октябр маҷаллаи Forbes хабар дод. Қайд карда мешавад, ки Маск тавонист ба ин нишондод ноил шавад, аз ҷумла ба шарофати якбора боло рафтани нархи саҳмияҳои Tesla — рӯзи душанбеи 25 октябр афзоиши онҳо аз 13 дарсад гузашт, ки ин ба ширкат имкон дод, ки арзиши бозории як триллион долларро паси сар кунад. Дар натиҷа сарвати соҳибкор дар як рӯз беш аз 41 миллиард доллар афзоиш ёфтааст. Қаблан Маск дар садри рейтинги сарватмандтарин одамони ҷаҳон қарор дошт — то 28 сентябри соли 2021 дороии ӯ беш аз 203,4 миллиард долларро ташкил дод. Ҷойи дуюмро дар рейтинг роҳбари Amazon Ҷефф Безос, сеюмро директори гурӯҳи ширкатҳои фаронсавии LVMH (Louis Vuitton Moet Hennessy) Бернар Арно ишғол кардаанд. Ба ин панҷгона яке аз муассисони Microsoft Билл Гейтс ва раҳбари Facebook Марк Зукерберг низ шомил буданд.

Tesla аз ҷониби Маск соли 2003 таъсис ёфтааст. Дар аввал, вай танҳо ба истеҳсоли мошинҳои барқӣ тахассус дошт, аммо баъдтар ба эҷоди панелҳои офтобӣ ва дигар системаҳои нигоҳдории энергия низ машғул шуд.

Bloomberg рейтинги сарватмандтарин оилаҳои ҷаҳонро тартиб дод. Хонаводаи Уолтон, ки соҳиби бузургтарин шабакаи яклухт ва чаканаи Walmart аст, бо 238,2 миллиард доллар сарвати онҳо дар феҳристи сарватмандтарин оилаи ҷаҳон дар ҷои аввал қарор гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *