Дар як шабонарӯз 588 нафар аз COVID-19 ҷон бохтанд

Рӯзҳои охир шумори гирифторон ба навъи «Делта»-и бемории дар Эрон афзоиш ёфтааст. Рӯзи 9-уми август мақомоти Эрон эълон карданд, ки дар як шабонарӯз ба камиаш 588 нафар бар асари ин беморӣ ҷон бохта, 41 ҳазор кас мубтало шуданд.

Ин омор дар ҳоле эълон шуд, ки тибқи иттилои расонаҳои мустақил, шумори воқеии қурбониёни COVID-19 дар Эрон аз ду то се баробари омори расмӣ аст.

Муҳаммадризо Зафарқандӣ, раиси Созмони низоми тиббии Эрон, рӯзи 9-уми август ба бештар будани омори воқеии гирифторони COVID-19 таъкид кард ва гуфт, «дар ин бора касоне бояд посухгӯ бошанд, ки монеи вуруди ваксинаҳо шудаанд.»

Ин омор ва ахбор аз ваъияти буҳронии Эрон дарвақте нашр шуд, ки ҳам мақомоти мазҳабӣ ва ҳам мақомоти расмии ин кишвар ба баргузор кардани маросими вижаи моҳи Муҳаррам исрор доранд ва фақат ба риояи чораҳои беҳдоштӣ дар ин гуна маросим таъкид мекунанд.

Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон чанд моҳ пеш эълон кард, ки вуруди ваксинаҳои амрикоӣ ва бритониёии зидди COVID-19 ба Эрон «мамнуъ» аст. Ӯ гуфта буд, бояд дар дохили Эрон ваксина тавлид ё сохта шавад, аммо моҳҳо паси сар шуданду то ҳанӯз аз ҳич як навъи ваксинаи дохилӣ ному нишоне нест.

Ҳукумати Ҳасани Рӯҳонӣ моҳи сипаришуда бинобар мушкилот дар пардохти кумакҳои молӣ ба шаҳрвандон, муваффақ нашуд, чун дигар кишварҳои дунё мардумашро ба рухсатиҳои дарозмуддат бифиристад.

Омори расмӣ нишон  меди ҳад, ки то кунун дар Эрон 13 миллиону 2245 нафар доза ё вояи аввали ваксина ва фақат се миллиону 146 ҳазор нафар вояи дувуми ваксинаи зидди COVID-19-ро гирифтаанд.

Чанде пеш аз ин баъзе аз эрониён барои гирифтани ваксинаи зидди COVID-19 ба Арманистон мерафтанд. Аммо сафари эрониён ба Арманистон ба ҳадде зиёд шуд, ки Ереван барои дарёфти ваксинаи ин мусофирон шарти иқомати даҳрӯза дар он кишварро пеш гузошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *