Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Марзбонҳо тайёраи қирғизиро зада афтонданд

Марзбонҳои тоҷик шаби 30 ба 31 май дар фазои деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ дар марзи Исфара бо ноҳияи Бодканди Қирғизистон як ҳавопаймои бесарнишин (дрон)-и Қирғизистонро бо тири силоҳ зада, аз байн бурдаанд. Дар ин бора дар Фейсбук блогери муқими Чоркӯҳ Исматулло Тағоев, ки бисёр вақт мақомоти қудратии мустақар дар марзи Исфара хабарҳои марбут ба вазъи сарҳадро тавассути ӯ нашр мекунанд, хабар дод.
Тафсилоти дигар дар бораи ин ҳодиса оварда нашудааст. Исматулло Тағоев навиштааст, ки ин ҳавопаймои бесарнишин ба наворгирии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул буд. Мақомоти расмӣ ин хабарро тасдиқ ё рад накардаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.