Даргузашти марди 39 зана

Ин оила дар умум 181 нафар узв дорад ва бо назардошти набераву абераҳо яке аз оилаҳои бузурги дунё аст

Марди 76-сола, ки 39 зан ва 94 фарзанд дошт, дар минтақаи шимолу шарқи Ҳиндустон рӯзи якшанбеи 28-уми июн даргузашт. Дар ин бора вазири корҳои дохилии аёлати Мизорам, ки ӯ он ҷо мезист, хабар додааст.
Зиона Чана, роҳбари рӯҳонии мазҳаби насронии маҳалии “Чана Пол” аст, ки бисёрзаниро иҷозат медиҳад. Ин мазҳабро падари ӯ соли 1942 поягузорӣ кардааст. Садҳо сулола ва ҳудуди ду ҳазор нафар пайравони ин мазҳаб ҳастанд.
Ҳамаи онҳо дар деҳаи Бактаванг зиндагӣ мекунанд, ки бо шарофати ин мазҳаб ба як макони зиёрати сайёҳон табдил шудааст.
Ба навиштаи рӯзномаҳои маҳаллӣ, ин оила дар умум 181 нафар узв дорад ва бо назардошти набераву абераҳо яке аз оилаҳои бузурги дунё аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *