Даргузашти профессор Сабзаев

Саидқул Сабзаев, профессори кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи миллӣ ва ректори вақти Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа дар синни 73-солагӣ даргузашт

Маросими видоъ ва ҷанозаи марҳум имрӯз соати 10-00, дар Душанбе, назди хонааш — тарабхонаи Хаймаи Хайём баргузор мешавад.

Забоншинос, шоир, драматург, доктори илмҳои филологӣ, Саидқул Сабзаев 31 декабри соли 1947, деҳаи Лархобӣ, ноҳияи Восеъ ба дунё омада, Донишкадаи давлатии омӯзгории Кулобро хатм кардааст (1968).

Дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Кулоб аз омӯзгорӣ то мудири кафедра расида, баъдан декани факултети филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Қӯрғонтеппа (1993-1998) мегардад.

Ӯ ҳамзамон дар вазифаҳои Муовини мудири шуъбаи тарҷума, таҳия ва нашри асноди қонунгузории Маҷлиси Олии ҶТ (1999), мудири шӯъбаи тарҷумаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ (1999- 2000) кор кардааст.

Аз соли 2000 то 2004 ректори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав буда, баъдан дар вазифаи сарэксперти Департаменти давлатии аттестатсионии назди Вазорати маорифи кишвар кор кардааст.

 Марҳум аз соли 2005 то 2010 дар вазифаҳои декани факултети филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мудири шуъбаи таълими забон ва адабиёти Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Тоҷикистон, мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии ҳамин донишгоҳ кор карда, тайи даҳ соли ахир профессори кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

 Сабзаев дорандаи унвонҳои Аълочии маорифи Тоҷикистон (1998), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2001), Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2001) буда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2000) мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *