Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Даргузашти Усмонзода,сардори милиса

Аз бемории ҳамагир подполковник Усмонзода,сардори Раёсати корҳои дохилии ноҳияи Ҳамадонӣ даргузашт. Маросими видоъ бо Усмонзода Анис Карим 4 август дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, хабар додаанд наздикони марҳум. Ӯ 45 сол дошт. Усмонзода зодаи шаҳри Хуҷанд буд ва бояд 15 августи соли равон 46-солагияшро таҷлил менамуд.

Усмонзода бо мувофиқа бо Президенти Тоҷикистон охири моҳи октябри соли 2019 ба мақоми сардори Шуъбаи милиса дар ноҳияи Ҳамадонӣ таъйин гардид. Номи ӯ моҳи апрели соли гузашта, замоне расонаӣ шуда буд, ки дар пайи як амалиёти маҳви қочоқбар дар марзи Афғонистон ҳамроҳ бо чанд милисаю табиб ба қарантин гирифта шуда буд. Далели ин қарантинагирӣ ҷилавгирӣ аз вуруди эҳтимолии коронавирус ба ҷумҳурӣ гуфта шуд. Он замон расман ҳанӯз коронавирус дар ҷумҳурӣ вуҷуд надошт.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.