Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Даргузашти Юсуфи Акбарзод, олими шинохтаи тоҷик

Адабиётшиноси маъруфи тоҷик Юсуф Акбарзода рӯзи 15 октябр дар синни 82 аз олам чашм пӯшид. Юсуф Акбарзода 1 майи соли 1938 дар деҳаи Мазори Шарифи Панҷакент (зодгоҳи шоири шаҳир Лоиқ Шералӣ) ба дунё омада, соли 1961 факултаи таърих ва филологияи Донишкадаи омӯзгории Хуҷандро хатм кардааст. Юсуф Акбарзода соли 1973 дар мавзӯи «Достони лирикӣ дар назми имрӯзаи тоҷик” рисолаи номзадӣ ҳимоя карда буд. Ӯ аз мунаққидони пуркори тоҷик ба шумор мерафт ва даҳҳо мақолаву китоб аз худ ба ёдгор гузошт. Юсуф Акбарзода аз зумраи донишмандоне буд, ки дар даврони Шӯравӣ дар саргаҳи ҷунбиши миллӣ-озодихоҳии мардуми тоҷик қарор доштанд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj