Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Давлат Сафар: Бархе рӯзномаву маҷаллаҳои соҳавиро бояд баст!

30 июл соли ҷорӣ дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо ташаббуси ҷониши ин ниҳод фарҳанг Давлат Сафар як ҳамоише бо иштироки кормандони васоити ахбори оммаи кишвар доир гардид. Дар ин ҳамоиш сармуҳаррирон, рӯзноманигорону сарварони ташкилоту ҷамъиятҳои рӯзноманигорӣ ҷамъ омада буданд.

Дар бармади худ Давлат Сафар афзуд, ки ҷомеаи имрӯзро бидуни иттилову рӯзноманигор тасаввур кардан ғайриимкон аст. Мо он ҳама заҳматҳои кашидаи рӯзноманигоронро қадр мекунем ва эҳтиромеро барояшон қоимем. Дар шароити басо вазнини иқтисодиву пур аз фоҷиаву тангдастиҳо ҳафтаномаҳои хусусӣ дар қатори рӯзномаҳои давлатӣ низ кӯшиданд, мавқеи худро нигоҳ доранд ва бо пушти сар кардани мушкилот идомаи фаъолият намоянд. Дар шароити басо мушкил барои кишвару аҳли ҷомеаи он матбуоти хусусӣ низ нақши назаррасро бозид. Мо ин ҷиҳати ватанпарастиву миллатдӯстии онҳоро қадр мекунем.

Ва дар ҳамин замина ҷонишини вазир изҳори нигаронӣ аз он кард, ки имрӯз як қатор идораву муассиаҳои давлатӣ дорои маҷаллаву ҳафтаномаҳои соҳавӣ ҳастанд. Вале аксарияти онҳо танҳо ба васфи сардорону роҳбарияти муассисашон гирифтор буда, ба мавзӯъҳои басо ночизу хеле заиф ва назарногиру беаҳамият вақти худро сарф мекунанд. Мазмуну муҳтавои ингуна рӯзномаву маҷаллаҳо хеле суст буда, ба дарди касе намехӯранд.

Бинобар ин мо ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор додаем ва имконияти сарфи назар кардани баъзе аз ин рӯзномаву маҷаллаҳо вуҷуд дорад. Ва мо инро мекунем. То онҳо тавониста бошанд он ҳама маблағҳоеро, ки дар ин раванд сарф мекунанд, барои ин ё он ВАО-и хусусӣ дар ҳамкориҳо мавриди харҷ қарор бидиҳанд, хуб мебуд. Зеро рӯзномаҳои касбӣ метавонанд паҳлӯҳои фаъолияти ин ё он корхонаву муассиаҳоро бисёр хубу назаррас инъикос намоянд.

Давлат Сафар ҳамчунин аз он нигаронӣ кард, ки рӯзномаву маҷаллаҳо муҳлати ба ҳисобгирии давлатиро риоя намекунанд ва баъди гузаштани ин муҳлат барои мову худашон монеаҳо эҷод менамоянд. Ва мувофиқи қарори махсуси Ҳукумати Тоҷикистон нусхаҳои ҳатмиро ба он муассисаҳои номбаршуда сари вақт намерасонанд ва ё умуман пешниҳод наменамоянд. Зеро он ҳама нусхаҳои ҳатмӣ барои муассисаҳои нишон дода шуда, барои хазинаи торих, китобхонаву бойгониҳо бисёр муфиданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.