Давлатбеки Тоҷикӣ кист, ки ӯро куштанд?

Онҳо замоне ки қасди рафтан ба вилояти Пактикоро доштанд ва дар ҳоле ки аз маҳалли амалиёт фирор мекарданд, кушта шуданд

Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон хабар дод, ки дар вилояти Пактико як узви, ба гуфтаи мақомот, барҷастаи “Ал-Қоида”-ро куштаанд.
Нерӯҳои амниятии Афғонистон рӯзи 30-юми март дар эъломияе аз ӯ Давлатбеки Тоҷикӣ, машҳур бо лақаби Абумуҳаммади Тоҷикӣ, ном бурданд.
Маълум нест, ӯ шаҳрванди Тоҷикистон аст ва ё лақаби “Тоҷикӣ”-ро ба худ гирифта. Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар ин замина шарҳ надодаанд, аммо дар гузашта ҳузури чанде аз зодагони кишварро дар он сӯи Ому тасдиқ карда буданд.
Нерӯҳои амниятии Афғонистон дар эъломия гуфтаанд, “Давлатбеки Тоҷикӣ узви барҷастаи шабакаи “Ал-Қоида” дар шибҳақораи Ҳинд буд”. Ҳамроҳ бо ӯ Ҳазраталӣ, машҳур ба Ҳамза Муҳоҷир, бошандаи аслии Вазиристон ва фармондеҳи гуруҳи Толибон, низ кушта шудааст.
“Ин афрод аз тарроҳони асосии ҳамлаҳои муштараку печида, хунин ва бузурги Толибон ва “Ал-Қоида” буданд”, — гуфта шудааст дар баёнияи Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон.
Ба иттилои расмӣ, онҳо “масъулияти таҷҳиз ва тамвили гуруҳи Толибонро” ба уҳда дошта, дар иқдоми охирин тарҳи “ҳамлаҳои густардаи баҳориро” мекашидаанд: “Онҳо замоне ки қасди рафтан ба вилояти Пактикоро доштанд ва дар ҳоле ки аз маҳалли амалиёт фирор мекарданд, кушта шуданд.”
Мақомоти Тоҷикистону Афғонистон ҳузури ҷангҷӯёни тоҷикро дар он сӯи Ому рад намекунанд. Охири соли гузашта навори лаҳзаҳои қатли низомиёни афғонистонӣ бо дасти афроде, ки бо шеваи тоҷикӣ сӯҳбат мекунанд, нашру паҳн шуд ва нигарониҳоро ба бор овард.
Мақомоти Тоҷикистону Афғонистон ба ин назаранд, ки ҷангҷӯёни тоҷик аз гуруҳи “Ансоруллоҳ” ҳастанд ва зери назари гуруҳи Толибон дар шимоли Афғонистон меҷанганд.
“озодӣ”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *