ДДД аз рӯи 95 ихтисос мутахассис тайёр мекунад

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара айни замон 114 донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ таҳсил менамоянд, ки аз онҳо 32 нафар духтарон мебошанд.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Нуралӣ Шоҳиён, ректори ин таълимгоҳ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ректор гуфт, ки ҳоло дар донишгоҳ беш аз 341 устод, аз ҷумла 2 доктори илм, 32  номзади илм ва дотсент фаъолият доранд. Теъдоди умумии донишҷӯён ба 10057 нафар расидааст, ки бештарашон аз вилоятҳои Бадахшон, Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ мебошанд. Донишҷӯёни таҳсилоти буҷавӣ ба 2590 нафар ва шартномавӣ ба 7467 нафар баробар аст.

“Инчунин, дар донишгоҳ 27 нафар донишҷӯи ятими кулл  ва 14 нафар маъюб таҳсил мекунанд. Раёсати донишгоҳ барои дастгирии ин табақаи донишҷӯён шароити мусоид фароҳам оварда, пайваста ба онҳо ғамхорӣ зоҳир менамояд. Аввали соли таҳсили 2020-2021 ба ятимони кулл ба андозаи 700 сомонӣ ва ба маъюбон ба андозаи 400 сомонӣ барои харидории сару либос ва лавозимоти хониш расонида шуд”,-иброз дошт Нуралӣ Шоҳиён.

Дар нишаст таъкид гардид, ки шаҳрвандони хориҷӣ ҳам дар донишгоҳ таҳсил доранд. Инҳо 65 нафар фосилавӣ, 51 нафар дар бахши рӯзона мехонанд.

Ёдрас мешавем, ки Донишгоҳи давлатии Данғара аз рӯи 95 ихтисос дар зинаи бакалавр ва магистратура мутахассис омода месозад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *