Депутатҳо муллоро ба ЗАГС бурданӣ…

Вакилони порлумони Тоҷикистон ду тарҳи қонунеро баррасӣ мекунанд, ки бар асоси он ақди никоҳи мусалмонии навхонадорон бояд дар Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС) анҷом шавад.

Дар тарҳи нави “Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ” ва “Қонуни сабти давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” даъвати рӯҳониён барои хондани хутбаи никоҳи навхонадорон дар манзили зисти шаҳрвандон манъ дониста мешавад.

Дар Тоҷикистон маъмулан муллоро ба манзили зисти волидони духтар даъват мекунанд ва пеш аз никоҳи расмӣ дар Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ арӯсро бо домод никоҳи мусалмонӣ мекунанд.

Дар сурати қабули тағйирот ба ду қонун мулло барои никоҳ ба хонаи ЗАГС даъват мешавад ва пас аз анҷоми никоҳи давлатӣ хутбаи никоҳи мусалмониро дар ҳамонҷо қироат мекунад. Масъулони Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС) ба муллои никоҳгар барои ҳаққи никоҳ дар ин Идора санади махсус медиҳанд. Маълум нест, ки то куҷо ин тағйироти пешниҳодшуда қабул хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *