Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дигар на “Тоҷиксодиротбонк” ҳасту на “Агроинвестбонк”….

Фаъолияти молиявии бонкҳо вобаста ба пайдарпай такрор гардидани норасоиву камбудиҳо ва саривақт пешгирӣ накардани онҳо характери системавӣ гирифт

Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти ду бонки бузурги Тоҷикистон “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро барҳам дод .
Тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон гузаронидани ҳамаи амалиётҳои хароҷоти нақдӣ ва ғайринақдӣ, интиқоли маблағҳо аз як суратҳисоб ба суратҳисоби дигар, интиқол ва бегонакунии дороӣ ва молу мулки дар ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” мавҷудбуда, то таъин шудани мудири махсус манъ гардид.
“Бо вуҷуди дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи сармоякунонии ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” (с.2016) вазъи молиявии он беҳтар нагардида, устувор фаъолият намудани Бонк, мутаассифона, таъмин нагардид”,- афзудааст манбаъ.
Ҳаминтавр Бонки миллӣ иҷозатномаи “Агроинвестбонк”- ро низ бозхонд карда гуфтааст, бо вуҷуди дастгирии пайвастаи ҳукумат бо роҳи таҷдиди сохтор, ивази роҳбарият ва сармоякунонии пайдарпайи мустақим ва ғайримустақим ба ҶСК “Агроинвестбонк” солҳои 1992, 2003, 2010, 2012, 2016 вазъи молиявии он беҳтар нагардида, устувор фаъолият намудани Бонк, мутаассифона, таъмин нагардид.
Ба иттилои манбаъ, фаъолияти молиявии бонкҳо вобаста ба пайдарпай такрор гардидани норасоиву камбудиҳо ва саривақт пешгирӣ накардани онҳо характери системавӣ гирифта, низоми номукаммали идоракунии корпоративӣ, дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани салоҳияти касбии шахсони роҳбарикунанда ва роҳандозӣ нашудани принсипҳои муосири менеҷментӣ бонкзоро ба варшикастагӣ расонид.

Ҳамзамон , дуруст роҳандозӣ нашудани низоми назорати хавфҳо, комплаенс ва аудити дохилӣ, риоя нагардидани принсипи баҳогузорӣ ва пешниҳоди раванди қарздиҳӣ ва бизнес-протсессҳо, фаъолияти номукаммали кумитаҳо, аз ҷумла кумитаи аудит ва хавфҳо, кумитаи идоракунии дороиҳо ва уҳдадориҳо, кумитаи қарздиҳӣ ва ғайраҳо, мавҷуд будани омилҳои инсонӣ дар рафти қабули қарор ва дахолат дар сохтори ташкилӣ боис гардид, ки ҶСК “Агроинвестбонк” аз мавқеи бонки низомсоз ба як ташкилоти қарзии ҳиссааш дар низоми бонкӣ ночиз мубаддал гардад.
Бинобар ин сабабҳо, бонкҳо барои давом додани фаъолияти минбаъдаи худ иқтидор, имконият ва захираҳои кофиро аз даст доданд.
Ба гуфти Бонки миллӣ, сифатнокии дороиҳои он тадриҷан коста гардида, қисми асосии онҳо ба фаъолияти бонкӣ мансуб набуда, корҳо дар самти фурӯши гаравҳо ва тариқи пулӣ баргардонидани қарзҳо дар сатҳи паст қарор дошта, меъёрҳои муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон тайи чанд соли охир риоя намегарданд
“Дар баробари ин, зиёдшавии арзу шикоятҳо ба коста гардидани эътимоду боварии аҳолӣ ба ин Бонк ва дар умум ба низоми бонкӣ сабаб шуда истодааст”, – афзудааст Бонки миллӣ
Ҳоло бо қарори суд мудири махсус таъин мегардад ва дар доираи салоҳияти ихтисосии худ ба манфиати амонатдорону қарздеҳон ситонидан ва бегона кардани (фурӯхтани) дороиҳои Бонк ва тақсими маблағҳоро бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур мусоидат менамояд.
Бонки миллӣ гуфтааст, “Тоҷиксодиротбон” аз 5,5 ҳазор нафар ва “Агроинвестбонк” бошад аз 27,7 ҳазор нафар қарздор аст, ки ҷуброн хоҳад шуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.