Дилноза дар Соли нав ба шавҳараш панҷгоник тӯҳфа кард

Дилноза Мамадова, сокини 30-солаи деҳаи Б.Ғафурови ноҳияи Қубодиён, рӯзи 30 декабр дар таваллудхонаи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе панҷгоник – ду писар ва 3 духтар бо вазни аз якуним то ду кило – ба дунё овард. Ӯ то кунун ду фарзанд доштааст. Табибон вазъи модару 5 навзодашро хуб арзёбӣ мекунанд ва мегӯянд, Дилноза ду моҳи охир зери назорати табибони ин таваллудхона қарор дошта, 20 рӯзи пеш аз таваллуд дар инҷо бистарӣ буд. Таври маълум, дар Тоҷикистон қаблан чанд ҳодисаи таваллуди чоргоникҳо сабт гардида буд, аммо ҳодисаи таваллуди панҷгоникҳо хеле нодиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *