ДИИШ «дарди сар»-и Толибон

Сухангӯи «Толибон»* Забиуллоҳ Муҷоҳид гуфт, ки ДИИШ барои онҳо таҳдид нест, балки як «дарди сар» аст

«Толибон»* гуфтанд, ки гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ»* ба Афғонистон таҳдид намекунад, хабар медиҳад TOLO News.

Ин ақидаро муовини вазири фарҳанг ва иттилооти ҳукумати муваққатии кишвар, намояндаи расмии «Толибон»* Забиуллоҳ Муҷоҳид иброз дошт.

«Мо ДИИШ-ро таҳдид намедонем, мо онҳоро дарди сар медонем. Дар баъзе ҷойҳо онҳо дарди сарро ба вуҷуд меорад, аммо пас аз ҳар ҳодиса омилони он бартараф карда мешаванд. Мо онҳоро берун мекунем, паноҳгоҳҳояшон маълум шудаанд», — гуфт муовини вазири фарҳанг.

Ба гуфти ӯ, «Давлати исломӣ»* аз пуштибонии сокинони Афғонистон бархурдор нест.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова гуфт, Маскав аз афзоиши фаъолияти террористии ҷангҷӯёни «Давлати исломӣ»* дар Афғонистон нигарон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *